Сураи Наҳл Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 45

أَفَأَمِنَ الَّذِينَ مَكَرُوا السَّيِّئَاتِ أَنْ يَخْسِفَ اللَّهُ بِهِمُ الْأَرْضَ أَوْ يَأْتِيَهُمُ الْعَذَابُ مِنْ حَيْثُ لَا يَشْعُرُونَ ٤٥

Афа амина-л лазӣна макару-с-саййиати ай яхсифаллоҳу биҳиму-л арЗа ав яътияҳуму-л-ъазабу мин ҳайсу ла яшъурун. 45.

45. Оё ононе ки тадбирҳои бад андешиданд, аз он ки Худо онҳоро дар замин фурӯ барад, ё аз он ҷое, ки надонанд, ба онҳо азоб биёяд, эмин шуданд?

Оё касоне, ки бо саъю талоши пинҳонӣ барои изо расонидани Расул (с) ва саҳобагонаш макру ҳилаҳо андешиданд, хостанд, ки мардуми ба Ислом майлдоштаро аз роҳи рост мунҳариф созанду аз тасдиқи ягонагии Аллоҳ ва пайғамбарии Расулуллоҳ (с) боз доранд, аз болоҳое, ки бар қавмҳои гузаштаи саркаш омаду онҳоро аз беху бун нобуд сохт, дар ғафлатанд? Оё он макркунандагон наметарсанд, ки агар Худованд ба замин амр кунад, замин онҳоро фурӯ мекашад? Оё наметарсанд, ки бар сарашон, чун қавми Лут (а) ногаҳон азоберо мефиристад, ки асло дар хаёлашон набошад?

Ояти зер, валлоҳу аълам, давоми ояти қаблист.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)