Сураи Наҳл Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 5

وَالْأَنْعَامَ خَلَقَهَا ۗ لَكُمْ فِيهَا دِفْءٌ وَمَنَافِعُ وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ ٥

Ва-л анъама халақаҳа лакум фӣҳа диф-у-в ва манафиъу ва минҳа таъкулун. 5.

5. Ва барои шумо чаҳорпоёнро офарид, дар онҳо пӯшиш аст (гармкунанда) ва манфиъатҳои дигар низ ҳаст ва (гӯшти) баъзеи онҳоро мехӯред.

Барои инсони бохирад маълум аст, ки ҳайвонҳо худ ба худ пайдо нашудаанд. Ё инсон онҳоро наофаридааст. Балки онҳоро Худованд офаридааст, то ин ки таҳти истифода ва манфиъати одамӣ қарор гиранд. Инсон метавонад аз пашму пӯсти онҳо барои худ либос омода созад. Аз пашму мӯи баъзеи онҳо, барои дафъи сармову гармо хайма ва соябон бисозад. Шири баъзеи аз онҳоро нӯшаду дигареро дар зироаткорӣ истифода кунад ва аз баъзеи онҳо гӯшту равғани фаровон ба даст орад. Инчунин аз он гӯшту равған метавонад таъом пухта, истеъмол кунад.

Хулоса, барои инсон офаридашудани ҳайвонот неъмати бузурги Парвардигон аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)