Сураи Наҳл Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 6

وَلَكُمْ فِيهَا جَمَالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَحِينَ تَسْرَحُونَ ٦

Ва лакум фӣҳа ҷамалун ҳӣна турӣҳуна ва ҳӣна тасраҳун. 6.

6. Ва чун вақти шом аз саҳро бозмеоянд ва чун ба сӯйи саҳро саҳаргоҳон ба чаро мераванд, дар онҳо шуморо зебу зинате ҳаст.

Маънои ояти мазкурро шахсоне дуруст ҳис мекунанд, ки рустоӣ буда, ба чорводорӣ машғул бошанд. Агар чорпоҳо дар ҷангалҳо пинҳон, ё дар оғил бошанд, зиннати онҳо чандон маълум нест. Зебу зиннати ҳайвонҳо он вақт ошкор мешавад, ки бегоҳӣ, вақти шом бо шиками сер бармегарданд, ё ба чарогоҳ субҳгоҳон аз оғили худ хориҷ мешаванд. Дар он ҳолат соҳибони чаҳорпоҳо ба онҳо ҷиддӣ диққат медиҳанд, аҷоиб манзараи хурсандиовареро ҳис мекунанд, шод мешаванд, лаззат мебаранд, ки ин ҳам неъмати бузург аст.

Дар ояти таҳти назар вақти баргаштани чаҳорпоҳо, аз вақти ба саҳро рафтанашон муқаддам омадааст, ҳол он ки одатан соҳибони онҳо дар ин ду вақт ба онҳо аҳамият медиҳанд. Ин тарзи баён барои он аст, ки вақте ҳайвонҳо аз чарогоҳ бозмегарданд, онҳо серу сероб, хуррам ва бо пистонҳои пур аз шир бозмегарданд. Ин ҳолати онҳо дили соҳибонашонро нисбат ба саҳар бисёртар хурсанд мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)