Тафсири Сураи Нахл Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 51
۞ وَقَالَ اللَّهُ لَا تَتَّخِذُوا إِلَٰهَيْنِ اثْنَيْنِ ۖ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۖ فَإِيَّايَ فَارْهَبُونِ ٥١
۞ Ва қолаллоҳу ла таттахизу илаҳайн-иснайни иннама Ҳува Илаҳу-в Ваҳидун фа иййая фарҳабун. 51.
51. Ва Худо гуфт: «Ду маъбуд магиред, ҷуз ин нест, ки Вай Худои ягона аст. Пас, аз Ман битарсед!».
Маънои калимаи «Илоҳ», чуноне ки дар аввал ҳам гуфта будем, Зоте аст, ки лоиқу сазовори ибодат бошад. Ҳоло дар ин оят Худованд бо таъкид фармудааст, ки барои худ ду илоҳ (маъбуд, Худо)-ро савозори ибодат надонеду парастиш накунед! Ингуна ибодат мумкин нест ва аз ингуна ибодат ба ҷуз зарар чизи дигаре ба ибодаткунанда намерасад. Зоте, ки лоиқи Илоҳ (Худо) будану сазовори ибодат аст, Аллоҳи ягона аст. Ғайри Ӯ дигар ҳеҷ зот лоиқи парастиш нест. Дар ҷумлаи охир Худованд, гуфтааст, ки танҳо аз Ман битарсед, зоте, ки бояд шумо битарсед, он зот фақат Манам. Ҷоиз нест дар дили инсони муъмин тарсу ҳароси ғайри Худо ҷой дошта бошад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «