Тафсири Сураи Нахл Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 52
وَلَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَهُ الدِّينُ وَاصِبًا ۚ أَفَغَيْرَ اللَّهِ تَتَّقُونَ ٥٢
Ва лаҳу ма фи-с самавати ва-л-арЗи ва лаҳу-д-дӣну васиба. А-фағайраллоҳи таттақун. 52.
52. Ва он чӣ дар осмонҳост ва он чи дар Замин аст, аз они Худост ва дини (ибодати) ҳамеша лозимшуда барои Ӯст. Оё аз ғайри Худо метарсед?
Соҳиби ҳама ончи дар осмонҳо ва Замин аст, Аллоҳи ягона аст ва Ӯ чунин Зотест, ки ба ҳама кор қодиру тавоност. Ба ғайри Худованд ҳеҷ кас соҳиби онҳо шуда наметавонад. Дини ростин ҳам фақат аз они Худост. Оё барои чунин Зот сари худро ба саҷда гузоштан лоиқу сазовор аст, ё назди бутҳои бо дасти инсон сохташудае, ки ба ҳеҷ кор қодир нестанд? Дар ҷумлаи охири ояти мазкур омадааст, ки баъзе аз инсонҳо аз Худованде, ки ягона ва ба ҳама чиз қодир аст, наметарсанду аз буту санам, аз мавҷудоти беҷон, ё аз одам ё аз амсоли онҳо метарсад! Оё бутҳо метавонанд зиёне расонанд, ё неъмате бахшанд, ки ин қадар аз мухолифати онҳо дар ҳаросанд ва ибодати онҳоро бар худ лозим мешуморанд? На! Балки воҷиб он аст, ки танҳо аз Худо бояд тарсид ва танҳо итоъати фармони Ӯ таъолоро бояд кард.
Ояти зер идомаи маънои ояти қаблист.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «