Тафсири Сураи Нахл Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 53
وَمَا بِكُمْ مِنْ نِعْمَةٍ فَمِنَ اللَّهِ ۖ ثُمَّ إِذَا مَسَّكُمُ الضُّرُّ فَإِلَيْهِ تَجْأَرُونَ ٥٣
Ва ма би кум-м мин-н ниъматин фа миналлоҳ. сумма иза массакуму-З-Зурру фа илайҳи таҷ-арун. 53.
53. Ва аз неъматҳо, он чӣ бо шумост, аз ҷониби Худост, боз чун ба шумо сахтие бирасад, пас, ба сӯйи Ӯ менолед.
Зоте, ки Илоҳи ягона аст танҳо Аллоҳ аст ва ҳама неъматҳо, ки ба шумо мерасад, аз ҷониби Ӯст, пас чаро бандагии Ӯро раҳо карда, ба суроғи бутҳое, ки ягон сифати илоҳи дар онҳо дида намешавад, меравед? Ҳол он ки агар ба шумо нороҳатӣ, ё ранҷу бало расад, дасти нола ва тазаррӯъ танҳо ба даргоҳи Худованд мебардореду ва ягона Ӯро мехонед, ки Худовандо, ба фарёди ман рас, аз ин вартаи ҳалокат маро раҳо кун. Дигар на бутҳо ба хаёлатон мерасаду на чизи дигар! Чун аз бало халос шудед ва ба макони амн расидед…
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «