Тафсири Сураи Нахл Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 55
لِيَكْفُرُوا بِمَا آتَيْنَاهُمْ ۚ فَتَمَتَّعُوا ۖ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ ٥٥
Ли якфуру би ма отайнаҳум. Фа таматтаъу фа савфа таъламун. 55.
55. То ба он чӣ онҳоро додем, сипоскунанда нестанд. Пас, баҳраманд шавед ва зуд хоҳед донист.
Чун баъди нолаву зорӣ Худованд онҳоро аз балои бар сарашон омада наҷот медиҳад, аз рӯйи беҳаёгӣ боз даст ба кори ширкона мезананд ва чунон рафтор мекунанд, ки гӯё бори дигар ба балое гирифтор намешаванд, ё худро чунон вонамуд месозанд, ки гӯё асло собиқан дар вартаи ҳалокат гирифтор нашудаанд. Ҳоло дар ин оят, Худованд бо як лаҳни таҳдидомез ба чунин тоифа гуфтааст, ки эй мушрикон, ҳоло метавонед неъматҳоеро, ки ба шумо додаем, қадр накунеду носипосӣ кунед, куфр варзеду чанд рӯзе бо хушӣ аз матоъи зудгузари ин дунё баҳраманд шавед, вале бо зудӣ хоҳед донист, ки дар ин саро ва сарои охират, натиҷа ва поёни амали шумо чист.
Дар воқеъ, ояти мазкур шабеҳи ояти 30-юми сураи Иброҳим (а) аст, ки Худованд дар он фармудааст: Бигӯ: «Баҳраманд шавед, пас ҳаройина, бозгашти шумо ба сӯйи оташ аст!».
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «