Тафсири Сураи Нахл Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 62
وَيَجْعَلُونَ لِلَّهِ مَا يَكْرَهُونَ وَتَصِفُ أَلْسِنَتُهُمُ الْكَذِبَ أَنَّ لَهُمُ الْحُسْنَىٰ ۖ لَا جَرَمَ أَنَّ لَهُمُ النَّارَ وَأَنَّهُمْ مُفْرَطُونَ ٦٢
Ва яҷъалуна лиллаҳи ма якраҳуна ва тасифу алсинатуҳуму-л-казиба анна лаҳуму-л-ҳусна. Ла ҷарама анна лаҳуму-н-нара ва аннаҳум-м муфратун. 62.
62. Ва он чиро, ки худ нописанд медоранд, барои Худо муқаррар мекунанд ва забонҳои онҳо дурӯғро баён мекунад, ки гӯё онҳоро наҷот (некуии охират) бошад. Дар он шубҳа нест, ки барои онҳо оташ бошад ва ба дурустӣ ки онҳо пешфиристодагон ба Дӯзах бошанд.
Бори дигар ояти мазкур одати зишти арабҳои ҷоҳилро, ки аз духтарон нафрат доштанд ва фариштагонро духтарони Худо мепиндоштанд, маҳкум карда мегӯяд, ки онҳо худ аз як сӯ аз соҳиб будан ба фарзанди духтар нафрат доранду аз сӯйи дигар онро ба Худованд нисбат медиҳанд. Он беадабон намедонанд, ки чӣ мегӯянд? Агар билфарз фариштагон духтарони Худованд бошанд, пас маълум мешавад, ки духтарон фарзанди хубе будаанд. Агар бад бошанд, пас чаро бадро ба Худованд нисбат медиҳанд? Лоф зада бе ҳеҷ асос даъво мекунанд, ки роҳи пешгирифтаи мо роҳи дуруст аст, дар қиёмат ҳама подоши хайр аз они мост. Онҳо бо кадом далел чунин подошро интизоранд? Оё бо зинда дар гӯр кардани духтарчаҳои бегуноҳу бе дифоъ? Ё бо туҳмату дурӯғ, (духтарони Худо пиндоштани фариштагон) ба шаъни Парвардигор? На! Оқибати кори ингуна инсонҳои мушрик хуб нест. Бе ягон шакку шубҳа барои онҳо оташи Дӯзах омодааст. Онҳо пешопеши воридшавандагон ба Дӯзах ворид мешаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «