Сураи Наҳл Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 74

فَلَا تَضْرِبُوا لِلَّهِ الْأَمْثَالَ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ ٧٤

Фа ла таЗрибу лиллаҳи-л-амсал. Инналлоҳа яъламу ва антум ла таъламун. 74.

74. Пас, барои Худо масалҳо баён макунед! Ҳаройина, Худо медонад ва шумо намедонед.

Мушрикон тарзи парастиши худро гӯё бо фалсафабофиҳои хаёлӣ ва пуч асоснок намуда мегуфтанд, ки мардуми оддӣ ба подшоҳон талаби худро бевосита расонида наметавонанд, балки ба наздикони подшоҳ муроҷиат мекунанду онҳо талаби мардумро ба подшоҳ мерасонанд. Пас, Худои олам хеле бузург ва баландмартаба аст, инсон наметавонад бевосита Худоро парастиш кунад, аз ин сабаб бояд бутҳо ва ситорагонро восита намуда ба Худо наздик шавад. Ҳоло ояти мазкур чунин ақидаро написандида, рӯйи он хати бутлон кашида, гуфтааст, ки барои Худованд мислу монанд қарор надиҳед. Шумо аз рӯйи ҷаҳолат ҳеҷ чизро надониста ва нафаҳмида барои Ӯ таъоло масал мезанеду ҳамто интихоб мекунед. Ин Худовандаст, ки медонад ва ҳақ дорад зарбулмасалеро бизанад, ки ба ҳақиқат наздик бошад, на шумо!

Барои фаҳми бештар ба ояти 4-уми сураи «Ихлос» ва ба ояти 11-уми сураи «Шӯро» муроҷиъат шавад. Инак то ҳикмати ин оят фаҳмида шавад, дар оятҳои зер ду зарбулмасали саҳеҳу ба ҳақиқат наздик пешниҳод шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)