Тафсири Сураи Нахл Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 75
۞ ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا عَبْدًا مَمْلُوكًا لَا يَقْدِرُ عَلَىٰ شَيْءٍ وَمَنْ رَزَقْنَاهُ مِنَّا رِزْقًا حَسَنًا فَهُوَ يُنْفِقُ مِنْهُ سِرًّا وَجَهْرًا ۖ هَلْ يَسْتَوُونَ ۚ الْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ ٧٥
۞ Зарабаллоҳу масалан ъабда-м мамлука-л ла яқдиру ъала шай-и-в ва ма-р-разақнаҳу минна ризқан ҳасанан фа ҳува юнфиқу минҳу сирра-в ва ҷаҳра. Ҳал яставун. Ал-ҳамду лиллаҳ. Бал аксаруҳум ла яъламун. 75.
75. Баён кард Худо масали бандаи мамлукеро, ки бар ҳеҷ чиз тавоноӣ надорад ва касеро, ки ӯро аз назди Худ рӯзии нек додем, вай аз он рӯзӣ пинҳону ошкоро харҷ мекунад: оё (ин ду) баробар мешаванд? Ҳама ситоиш Худойрост, балки аксари мардум намедонанд.
Худованд барои радд ва ботил сохтани ақидаи нодурусти мушрикон дар ин оят ва ояти баъдӣ бо овардани ду мисол ҳоли ду гурӯҳ (муъмин ва мушрик)-ро мушаххас сохтааст. Дар нахустин масал чунин гуфтааст, ки шахси барда (ғулом) ва дар ихтиёри соҳибаш буда, чун асир ба ғайри хизмати мавлои худ ҳеҷ молу мулкро соҳиб нест. Агар чизеро дар ихтиёр дошта бошад ҳам, он аз худи ӯ нест, сарф кунад ҳам, самараи сарфи ӯ, чи дар дунё, чи дар охират, хоҳ барои савоб бошаду хоҳ барои шуҳрату ном ба мавлои худ мерасад, на ба ӯ. Аммо касе, ки озод аст ва Худованд ӯро соҳиби моли фаровон гардонидааст, дар роҳҳои хайр ва писандида ҳаргуна ва ҳар вақте, ки хоҳад, пинҳон ё ошкор аз молаш сарф мекунад. Оё ин ҳарду бо ҳам баробаранд, оё байни ин шахс ва шахси барда (ғулом) фарқе ҳаст? Оре! фарқи калон аст. Ин ду ҳаргиз баробар нестанд. Ин аст фарқ байни Худованди ризқу рӯзидиҳанда, зиндакунандаву миронанда ва бутони беҷон. Маънои фарқ байни муъмин ва мушрик ҳам ҳамин аст. Барои тақдими чунин зарбулмасали фаҳмо Алҳамдулилоҳ, (ҳамду сано ва сипосҳо мар Худойро), локин аксари онҳо (мушрикон) намефаҳманд, ки ин неъматҳоро Худои ягона додааст, то Ӯро холисона парастиш кунанд. Ояти зер зарбулмасали дувумро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «