Тафсири Сураи Нахл Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 76
وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا رَجُلَيْنِ أَحَدُهُمَا أَبْكَمُ لَا يَقْدِرُ عَلَىٰ شَيْءٍ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوْلَاهُ أَيْنَمَا يُوَجِّهْهُ لَا يَأْتِ بِخَيْرٍ ۖ هَلْ يَسْتَوِي هُوَ وَمَنْ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ ۙ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ ٧٦
Ва Зарабаллоҳу масала-р-раҷулайни аҳадуҳума абкаму ла яқдиру ъала шай-и-в ва ҳува каллун ъала мавлаҳу айнама юваҷҷиҳҳу ла яъти би хаяр. Ҳал яставӣ ҳува ва ма-я яъмуру би-л-ъадли ва ҳува ъала сироти-м мустақӣм. 76.
76. Ва Худованд масали ду марди дигареро баён кард, ки яке аз онҳо гунг аст, бар чизе қудрат надорад ва ӯ бар хоҷаи худ бори гарон аст, ҳар куҷо, ки ӯро фиристад, аз он ҷо ҳеҷ некӣ наёрад. Оё ин шахс ва касе, ки мардумро ба адл мефармояд ва худаш бо роҳи рост аст, баробар аст?
Худованд дар ин оят ду намуд инсонро: яке шахси бутпараст ва дигаре муъмини ростинро зарбулмасал оварда, шахси бутпарастро ба шахси гунги модарзод ва шахси муъминро ба як шахси озоде, ки худ дар роҳи рост асту доимо бо адлу дод даъват мекунад, ташбеҳ карда фармудааст, ки шахси гунги модарзод одатан кар ҳам ҳаст, аслан барои хӯҷаини худ як бори зиёдатӣ аст. Ӯ барои соҳиби худ ягон суди дилхоҳе намеорад, агар барои иҷрои коре ӯро фиристад, корро хуб анҷом дода наметавонад.
Хулоса, ӯ аз сифатҳои инсони солим бархурдор нест. Оё чунин шахс ба он касе, ки забони фасеҳу гӯё, гӯши шунаво дорад ва ҳамеша дар роҳи рост қарор дошта, бо адлу инсоф ҳазорон мардумро ба роҳи рост даъват мекунад, баробар аст? Ҳаргиз онҳо бо ҳам баробар нестанд! Ҳадаф аз ин гуна зарбулмасалҳо баробар набудани Аллоҳтаъолост бо бутони безабону беихтиёр ва нотавоне, ки мушрикон онҳоро шарики Худои субҳон медонанд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «