Сураи Наҳл Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 78

وَاللَّهُ أَخْرَجَكُمْ مِنْ بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ لَا تَعْلَمُونَ شَيْئًا وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ ۙ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ ٧٨

Валлоҳу ахраҷакум-м мин бутуни уммаҳатикум ла таъламуна шай-а-в ва ҷаъала лакуму-с-самъа вал-абсара ва-л-аф-идата лаъаллакум ташкурун. 78.

78. Ва Худованд шуморо аз шиками модаронатон берун овард, ки чизеро намедонистед ва барои шумо шунавоӣ ва чашмҳо ва дилҳо пайдо сохт, то шояд, ки шумо шукр кунед.

Ояти мазкур як дарси Худошиносӣ буда, бо зикри неъматҳои гуногун пардохтааст. Дар бахши нахустин ба неъмати илм ишора карда, фармудааст, ки дар ҳоле ки шумо ҳеҷ чизро намедонистед, Худованд шуморо аз шиками модаронатон берун овард. Албатта, дар он муҳити маҳдуд (шиками модар) нодон будед. Локин бо иродаи Худованд чун фарзанди инсон ба дунёи рӯшан омадед, дигар бардошти он нодонии дохили батни модар барои шумо мумкин набуд. Аз ин рӯ то шояд илм дониш андӯзед ва неъматҳои бузургро дарк кунед ва шукронаи бахшандаи ин неъматҳои Ӯ таъолоро ба ҷо оред, Худованд чашму гӯшу ақлро дар ихтиёри шумо гузошт.

Ояти зер бори дигар эътибори инсонро ба он ҷалб мекунад, ки инсон ба андеша метавонад қудратҳои Аллоҳтаъолоро фаҳм кунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)