Тафсири Сураи Нахл Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 77
وَلِلَّهِ غَيْبُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَمَا أَمْرُ السَّاعَةِ إِلَّا كَلَمْحِ الْبَصَرِ أَوْ هُوَ أَقْرَبُ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ ٧٧
Ва лиллаҳи ғайбу-с-самавати ва-л-арЗ. Ва ма амру-с-саъати илла каламҳи-л-басари ав ҳува ақраб. Инналлоҳа ъала кулли шай-ин қадӣр. 77.
77. Ва илми пинҳонии осмонҳо ва Замин аз они Аллоҳ аст. Ва нест кори қиёмат (пеши қудрати Ӯ) магар монанди як чашм бо ҳам задан, балки наздиктар аст. Ҳаройина, Худованд бар ҳама чиз тавоност.
Касоне, ки ба мавҷудияти Худои якка ва ягона ва илму қудрати Ӯ таъоло мункиранд, кофиру мушриканд. Онҳо бояд ин оятро мутолиъа кунанд, ки Аллоҳтаъоло дар он аз камоли қудрату илми Худ хабар додааст. Аллоҳтаъоло Зотест, ки илми ғайби осмонҳо ва замин хосси Ӯст. Ҳеҷ кас дар чунин сифат ба Ӯ таъоло шарик ва ҳамто шуда наметавонад. Ӯ таъоло бо илми худ дар ҳама ҷо ҳозир аст. Яке аз ин илмҳо соати (вақти) барпошавии қиёмат аст, ки мардум аз кай омадани он соат бисёр мепурсанд. Соати (вақти) барпошавии қиёматро танҳо Аллоҳ таъоло медонад. Илми он аз инсонҳо пинҳон (ғоиб, ғайб) аст. Фаро расидани рӯзи (соати) қиёмат дар суръат ва шитоб ҷуз муҳлати як чашм задан нест, балки аз он ҳам наздиктар аст. Бе ягон шубҳа қиёмат наздик аст. Ҳамин, ки Аллоҳтаъоло гӯяд: «Шав» дарҳол дар як мижа задан, балки аз он ҳам тезтар барпо мешавад. Аз омадани он ғофил набояд шуд. Худованд бар ҳама кор қодир аст.
Хулоса, ояти мазкур барои касоне, ки ба барпошавии қиёмат ва зинда гардонидан баъд аз миронидан мункиранд ва мегӯянд: «Мо мурему хок шавем ва шамол зарроти хоки моро дар ҳар гӯшаи замин пош диҳад, зарраҳо чӣ тавр ҷамъ мешаванду боз ҷисми мо мисли пештара мегардад?». Ё гӯянд: “Агар мо фаразан аз нав зинда шудем, амалҳои ба дасти фаромӯшӣ супурдашудаи моро чӣ касе мавриди баррасӣ қарор медиҳад?” Посухи онҳо ин аст, ки онҳо ба ин, ки Аллоҳ таъоло илми пинҳонии (ғайби) ҳама осмонҳо ва заминро медонад ва Ӯ бар ҳама чиз қодир аст, имон надоранд. Агар имон медоштанд, ингуна сухан аз забони онҳо гуфта намешуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «