Сураи Наҳл Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 7

وَتَحْمِلُ أَثْقَالَكُمْ إِلَىٰ بَلَدٍ لَمْ تَكُونُوا بَالِغِيهِ إِلَّا بِشِقِّ الْأَنْفُسِ ۚ إِنَّ رَبَّكُمْ لَرَءُوفٌ رَحِيمٌ ٧

Ва таҳмилу асқолакум ила балади-л лам такуну балиғӣҳи илла би шиққи-л-анфус. Инна Раббакум ла Рауфу-р-Раҳӣм. 7.

7. Ва борҳои гарони шуморо ба сӯйи шаҳре бармедоранд, ки шумо ба он ҳаргиз расанда набудед, магар бо машаққати ҷонҳо. Ҳамоно, Парвардигори шумо бахшояндаи меҳрубон аст.

Дар ояти қаблӣ фоидаи моддӣ ва маънавии ҳайвонҳое, ки ихтиёри онҳоро Худованд ба дасти инсонҳо додааст, зикр шуд. Хусусияти баъзе ҳайвонҳоеро, ки кори онҳо боркашӣ аст, дар ояти мазкур Худованд фармудааст, ки манфиъати онҳо барои инсонҳо он аст, ки борҳои вазнине, ки қаблан худашон бо машаққат мебардоштанду аз ҷое ба ҷое мерасонданд, ҳоло ҳайвонҳо мебардоранду онҳоро аз ҷое ба ҷое мерасонанд. Албатта, дар асрҳои гузашта ва ҳозира ҳам дар минтақаҳои кӯҳистон, мавҷудияти ин ҳайвонҳои боркаш барои инсонҳо неъмати бузурге буд ва ҳаст. Ин ҳам фоидаи инсонҳост, барои кашонидани борҳои вазнин уштуру аспу хар ва хачир истифода мешавад. Маълум аст, ки инсон ин чаҳорпоёнро наофаридааст, ин ҳамаро Худованд бо меҳрубонии Худ офаридааст. Тасаввур кунед, дар замони гузашта мувофиқи имконияти он давр, тиҷорат дар ривоҷ буд, як тоҷир агар ашёи тиҷоратии худро ба дӯши уштуру аспу хар ва хачир намегузошт, чӣ қадар бори тиҷоратиро метавонист дар дӯши худ аз минтақа ба минтақаи дигар кашонад? Оре! Ин нишони раҳмати Парвардигор аст, ки барои борбардорӣ ба маркабҳо қувват бахшиду, рому таслиму хидматгузори бандагони Худ гардонид.

Барои дарки бештар ба оятҳои 71-72-73-уми сураи «Ёсин» муроҷиат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)