Сураи Наҳл Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 83

يَعْرِفُونَ نِعْمَتَ اللَّهِ ثُمَّ يُنْكِرُونَهَا وَأَكْثَرُهُمُ الْكَافِرُونَ ٨٣

Яърифуна ниъматаллоҳи сумма юнкирунаҳа ва аксаруҳуму-л кафирун. 83.

83. Неъмати Худоро мешиносанд, сипас, онро инкор мекунанд ва бештари онҳо кофиранд.

Барои пурра сохтани маънои ояти қаблӣ Худованд дар ояти мавриди назар гуфтааст, ки онҳо (кофирон) неъмат будани ҳамаи чизҳое, ки зикрашон қаблан гузашт, медонанд ва мешиносанд. Вале аксарияти онҳо кофирони ноҳақшиносанд ва неъмати Парвардигор будани онҳоро инкор мекунанд. Ҳамчунин муъминоне, ки ба қадри кофӣ огоҳанд, аммо неъматҳои Аллоҳ таъолоро дар роҳи фароҳам овардани ризогии Парвардигор ба кор намебаранд, онҳо низ гунаҳкоранд. Сабаби нузули ояти мазкурро «Муҷоҳид» чунин гуфтааст: «Рӯзе назди Расулуллоҳ (с) бодянишине омад, дар бораи тарзи даъваташон аз он кас савол кард. Расулуллоҳ (с) ба ӯ ояти 80-ум, яъне «Худо барои шумо аз хонаҳоятон ҷойи сукунат сохт…»-ро қироат кард. Аъробӣ гуфт: «Оре! Чунин аст. Сипас Расулуллоҳ (с) давоми ояти мазкур “… барои шумо аз пӯсти чаҳорпоён хонаҳое сохт»-ро қироат кард. Аъробӣ гуфт: «Оре! Чунин аст». Хулоса, Расулуллоҳ (с) охири ояти 81-ум «…казолика ютимму неъматаҳу… Ҳамчунин неъмати Худро бар шумо тамом мекунад то бувад ки Ислом оред.»-ро қироат кард. Он аъробӣ бо шунидани ҷузъи охири ояти 81-ум рӯйи гардонду қабулаш наомад. Ҳамоно ояти 83-юм нозил шуд, ки эзоҳаш гузашт».


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)