Сураи Наҳл Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 82

فَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْكَ الْبَلَاغُ الْمُبِينُ ٨٢

Фа ин таваллав фа иннама ъалайка-л-балағу-л-мубӣн. 82.

82. Пас, агар рӯй битобанд, пас, ҷуз ин нест, ки бар ту пайғом расонидани ошкор аст.

Худованд барои тасаллии хотир ба Расули Худ (с) гуфтааст, ки баъд аз зикри ин қадар далелҳои ошкор дар бораи мавҷудияти Аллоҳи ягона ва номбарии неъматҳои Ӯ, пас агар мардум боз аз гуфтаҳои ту рӯй гардонанд ва таслими даъвати ҳаққ нашаванд, нигарону озурда мабош. Дар паи иҷрои он вазифае бош, ки дар зиммаи ту аз тарафи Парвардигор гузошта шудааст. Муҳим он аст, ки дар ошкор кардани он даъвате, ки Худованд дар ихтиёри ту додааст, кӯтоҳӣ накунӣ!

Ояти зер, иншоаллоҳ, такмили ин гуфтаҳост.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)