Тафсири Сураи Нахл Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 88
الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ زِدْنَاهُمْ عَذَابًا فَوْقَ الْعَذَابِ بِمَا كَانُوا يُفْسِدُونَ ٨٨
Ал-лазӣна кафару ва садду ъан сабӣлиллаҳи зиднаҳум ъазабан фавқа-л-ъазаби би ма кану юфсидун. 88.
88. Ононеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд, ба сабаби он ки фасод мекарданд, азобе болои азоб афзун диҳем.
Худованд дар ин оят ҷазои касонеро, ки худ кофиранду сабаби кофиру мушрик шудани дигарон мешаванд, баён кардааст, ки касоне, ки худ куфр варзиданд ва аз роҳи Худо (яъне Ислом) бо ороста кардани шароит, ё бо зарби зӯрӣ, ва ё дигар воситаҳо мардумро боздоштанд ва водор ба куфр кардаанд, фасодкунандагони рӯйи замин ва гумроҳкунандагони халқи Худо буда, азобе болои азобашон афзуда мешавад.
Хулоса, агар азобе барои кофир шуданашон муқаррар шуда бошад, азоби дигаре барои дар рӯйи замин кори фасод карданашон, яъне мардумро аз роҳи Ислом бероҳа карданашон муқаррар будааст. Ояти мазкур барои шахсоне, ки мардум онҳоро итоат мекунанд, ҳушдори шадид буда, онҳоро огоҳ месозад, ки ягона наҷоти онҳо дар он аст, ки бояд мардумро дар роҳи ризои Аллоҳ ва таълимоти Расулуллоҳ (с) тарбия кунанд. Вагарна зери ҳукми ояти мазкур қарор мегиранд.
Ояти зер хитоб ба Расулуллоҳ (с) аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «