Тафсири Сураи Нахл Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 89
وَيَوْمَ نَبْعَثُ فِي كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا عَلَيْهِمْ مِنْ أَنْفُسِهِمْ ۖ وَجِئْنَا بِكَ شَهِيدًا عَلَىٰ هَٰؤُلَاءِ ۚ وَنَزَّلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ تِبْيَانًا لِكُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً وَبُشْرَىٰ لِلْمُسْلِمِينَ ٨٩
Ва явма набъасу фӣ кулли умматин шаҳӣдан ъалайҳим-м мин анфусиҳим ва ҷиъна бика шаҳӣдан ъала ҳаулаи. Ва наззална ъалайка-л-китаба тибйана-л ли кулли шай-и-в ва ҳуда-в ва раҳмата-в ва бушра лил-муслимӣн. 89.
89. Ва рӯзе ки барангезем дар ҳар уммате гувоҳеро аз қабилаи онҳо бар худашон ва туро бар ин кофирон гувоҳ биёрем. Ва бар ту Китобро фуруд овардем, ки барои возеҳ баён кардани ҳар чиз аст ва барои роҳ намудан ва бахшоиш ва мужда додани мусалмонон аст.
Барангезонидани пайғамбарон барои умматони худ шоҳидӣ додани онҳо дар чандин оятҳои қаблӣ сухан шуда буд. Дар ин хусус Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) чунин гуфтааст: «Вақто ки сураи «Нисо»-ро тиловат мекардам, ба ояти 41-уми он, ки монанди ояти мазкур аст, расидам, Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Ҳасбук!». («Басаст туро!»). Чун ба Расулуллоҳ (с) нигаристам дидам, ки ашк дар чашмонаш ҷорист». Агарчи илми Худованд ҳама чизро иҳота дорад ва Ӯ таъоло муҳтоҷи шоҳид нест, локин ояти мазкур бори дигар бо тавзеҳи бештар ба суроғи ин баҳс рафтааст. Барпо кардани шоҳидон, ба хусус аз миёни ҳар уммат, таъкиди бештар бар он дорад, ки назорати ҳамешагии амалҳои инсонҳо вуҷуд дорад. Ҳоло дар ин оят Худованд фармудааст, ки ба ёд оваред он рӯзеро, ки мо аз миёни ҳар уммате барои худашон гувоҳе бармеангезонем. Сипас ба Расулуллоҳ (с) хитоб карда Худованд гуфтааст, ки мо туро низ барои гурӯҳи мусалмонон (то ин ки бар онҳо ҳуҷҷат шавад) шоҳид (гувоҳ) қарор медиҳем. Китоби (Қуръон)-еро, ки барои ҳама корҳои динию дунявӣ баёнгари равшан аст, бар ту нозил кардаем. Он барои муъминон ҳам ҳидоят асту ҳам раҳмат ва барои мусалмонони рӯйи олам, ки аз он баҳра мебаранд, мояи башорат аст. Дар он дастур дода шудааст, ки ҳар ҳукме, ки Пайғамбар (с) ба мусалмонон мерасонанд, бояд иҷро шавад. Барои маълумоти бештар ба ояти 43-юми сураи «Бақара» ва ояти 33-юми сураи «Нисо» муроҷиъат шавад.
Дар оятҳои зер аз баъзе ҳидоятҳо ва раҳматҳои Қуръонӣ намунае пешкаш мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «