Сураи Наҳл Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 96

مَا عِنْدَكُمْ يَنْفَدُ ۖ وَمَا عِنْدَ اللَّهِ بَاقٍ ۗ وَلَنَجْزِيَنَّ الَّذِينَ صَبَرُوا أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ ٩٦

Ма ъиндакум янфаду ва ма ъиндаллоҳи бақ. Ва ла наҷзиянна-л-лазӣна сабару аҷраҳум би аҳсани ма кану яъмалун. 96.

96. Он чӣ назди шумост, тамом шавад ва он чӣ назди Аллоҳ аст, поянда аст ва музди собиронро бо некӯтарини аз он чӣ мекарданд, медиҳем.

Ояти мазкур, валлоҳу аълам, давоми ояти қаблӣ буда, дар он Аллоҳ таъоло фармудааст, ки ҳар ончи аз ҳолу молу матоъи дунёӣ дошта бошед, саранҷом як рӯз не як рӯз фонишавандааст. Аммо ончи ки назди Худованд захира шудааст, ҳамеша чун ганҷинаҳои раҳмати Парвардигор боқист. Онҳо фанопазир набуда, ҳамеша пояндаанд. Ин захираи назди Парвардигор насиби касонест, ки чун бо Расулуллоҳ (с) байъат карданд, то охир истодагарӣ карданд. Ҳар аҳде, ки бо Худову Расули Ӯ бастанд, нашикастанду бовафо монданд. Дар баробари изо ва аламу шиканҷае, ки аз душманон ба онҳо мерасид, дар имонашон поянда буданд. Сабрро пешаи худ мекарданд, ҳамеша дар хизмати дини Ислом устувор буданд.

Дар ҷумлаи охир Худованд гуфтааст, ки чунин шахсони сабркунандаро бинобар он амалҳое, ки карданд, некӯтарин подош медиҳем. Оре! Аҷри (мукофоти, подоши) касоне, ки ба аҳди Худованд собитқадаманд ва дар муқобили тамоми мушкилот сабру таҳаммул менамоянд, назди Худованд зойеъ намешавад. Дар ивази амалҳои солеҳаш (нека)-шон аз боргоҳи илоҳӣ ба онҳо подоши нек дода мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)