Сураи Наҷм Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 16

اِذۡ يَغۡشَى السِّدۡرَةَ مَا يَغۡشٰىۙ ١٦

Из яғша-с-Сидрата ма яғша. 16.

16. Вақте фариштаро дид, ки пӯшонида буд Сидраро он чӣ пӯшида буд.

Вақто ки Расулуллоҳ (с) ба он ҷо расиданд, Сидратул мунтаҳоро пӯшида диданд. Дар ин оят он бо чӣ пӯшида буд, зикр нашудааст. Бинобар ин, аҳли тафсир аз ҳадисҳои Расулуллоҳ (с) илҳом гирифта, фикрҳои гуногунро баён намудаанд. Аз ҷумла гуфтаанд, ки нури Худованд, ё фариштагон он дарахтро дар ҳоли ибодаташон ва зиёраташон пӯшонида буд.

Имом Аҳмад аз Ибни Масъуд (р) чунин ривоят мекунад, ки дар шаби меъроҷ Паёмбар (с) ба Сидратул мунтаҳо расид, ки он болои осмони ҳафтум аст ва ҳар чӣ аз Замин боло меравад, ё аз боло поин мефарояд, назди он дарахт қарор мегирад. Дар ҳамон макон фариштагонро ба хусус Ҷабраил (а)-ро диданд ва дар он асно хондани панҷ вақт намоз, охири сураи «Бақара» ва нописанд будани ширк, ба Расулуллоҳ (с) хабар дода шуд. Аллоҳ донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)