Сураи Наҷм Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 17

مَا زَاغَ الۡبَصَرُ وَمَا طَغٰى ١٧

Ма заға-л-басару ва ма таға. 17.

17. Каҷравӣ накард чашми пайғамбар ва аз мақсад таҷовуз нанамуд.

Яъне чашми Расулуллоҳ (с) дар сафари меъроҷашон ба ҷуз ашёи мутааллиқ ба меъроҷ дигар чизеро надид, ба чап ё рост майлон накард ва аз ҳад таҷовуз нанамуд. Ин амал нишонаи баланди одоби Расулуллоҳ (с) буд. Зеро дар чунин як даргоҳи олии пур аз аҷоибот ва аз таҷаллии ҷамоли Илоҳӣ нурбороншаванда чашми ҳар инсон хира мегардад, ҳаяҷон ва сурур дар бадан пайдо шуда, пойҳо мелағжанд. Ҳеҷ имкон надорад, ки чашмҳо бо ҳарос ба ҳар тараф нигоҳ накунанд. Аммо чашмони Расулуллоҳ (с) собиту устувор монд ва он чӣ, ки дар ин саҳна диданд, айни воқеъият буд ва ҳаргиз гирифтори иштибоҳе нашудаанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)