Сураи Наҷм Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 24

اَمۡ لِلۡاِنۡسَانِ مَا تَمَنّٰى ٢٤

Ам лил инсани ма таманна. 24.

24. Оё инсонро он чӣ орзу мекунад, муяссар мешавад?

Дар ҳошияи тафсири Ҷалолайн зимни тафсири ояти мазкур омада, ки кофирон на назди Аллоҳ таъоло, балки назди бутҳои худ тавбаю тазарруъ мекунанд ва ба орзуҳои худ расониданро аз бутҳо таманно (хоҳиш) мекунанд. Оё ба ин орзуҳо расидан ба инсони кофир муяссар мегардад? Оё ҳақиқат ба хоҳиши онҳо тағйир меёбад? Ҳаргиз! Ҳақиқат ин аст, ки ҳар чӣ дар олам ҳаст, дар тасарруфи Худованди яккаву ягона аст!


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)