Тафсири Сураи Начм Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 27
اِنَّ الَّذِيۡنَ لَا يُؤۡمِنُوۡنَ بِالۡاٰخِرَةِ لَيُسَمُّوۡنَ الۡمَلٰٓٮِٕكَةَ تَسۡمِيَةَ الۡاُنۡثٰى ٢٧
Инна-л-лазӣна ла юъминуна би-л-ахирати ла юсаммуна-л-малаиката тасмията-л-унса. 27.
27. Батаҳқиқ, ононе ки ба охират имон намеоранд, фариштагонро ба номи духтарон номгузорӣ мекунанд.
Дар ҳақиқат шахсоне, ки имон намеоранд, рӯзи қиёмату ҳисобро тасдиқ намекунанд ва илова бар ин, мушриканд, эътиқодашон ин аст, ки мегӯянд: «Ҷинси фариштагон зан аст». Онҳоро духтарони Худо ҳам мегӯянд, ба онҳо номҳои занона мегузоранд. Ҳатто мушрикони араб мегӯянд: Лоту Уззо ва Манот дар асл фаришта буданд… Аллоҳ таъоло бо ояти зер болои ин ақидаи беасос хатти бутлон кашида, мегӯяд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «