Сураи Наҷм Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 26

۞ وَكَمۡ مِّنۡ مَّلَكٍ فِى السَّمٰوٰتِ لَا تُغۡنِىۡ شَفَاعَتُهُمۡ شَيۡــًٔــا اِلَّا مِنۡۢ بَعۡدِ اَنۡ يَّاۡذَنَ اللّٰهُ لِمَنۡ يَّشَآءُ وَيَرۡضٰى‏ ٢٦

۞ Ва кам-м мим малакин фи-с-самавати ла туғнӣ шафаъатуҳум шай-ан илла мин баъди ан яъзаналлоҳу ли ма-н яшау ва ярЗо. 26.

26. Ва дар осмонҳо бисёр фариштагон аст, ки шафоъати онҳо чизеро нафъ намекунад, магар баъд аз ин, ки Парвардигор барои касе, ки бихоҳад, иҷозат диҳад ва Аллоҳ аз ӯ розӣ бошад.

Рӯзи қиёмат байни бандаи гунаҳкор ва Худованд дар бахшиши гуноҳҳо восита шуданро шафоъат меноманд. Мушрикон гумон мекунанд, ки бутҳо фариштагонанд ва фариштагон духтари Худованд. Аз ин рӯ онҳо умед доштанд, ки бутҳо қобилияти шафоъат доранд ва бо ёрии шафоъати бутҳои парастишкунандаашон аз тамоми гуноҳҳо озод мешаванд.

Ин ояти карима фикру хаёли хоми мушриконро ботил мекунад. Дунё ва охират, аз ҷумла шафоъат ҳам, дар рӯзи қиёмат дар тасарруфи Аллоҳ аст. Барои нафъи шафоъати фариштагон иҷозати Аллоҳ таъоло лозим аст. Аллоҳ таъоло касеро хоҳад, аз неъмати шафоъат баҳравар мегардонад.

Масалан, фариштагони баландмартабаву муқарраб (ба Парвардигор наздик гардонидашуда) бе изни Худованд, яъне то Худованд ба онҳо иҷобати шафеъшавиро надиҳад, касеро шафеъ шуда наметавонанд. Ғайр аз ин, касе имконияти аз шафоъат истифодабарӣ пайдо мекунад, ки аҳли имон бошад ва Худованд аз ӯ розӣ бошад. Модоме ки ҳуқуқи фариштагони муқарраб чунон аст, пас он бутҳои бо дасти инсон сохташуда чӣ гуна шафоъат мекунанд? Чӣ гуна аз онҳо умеди шафоъат доштан мумкин?

Бо ояти зер Аллоҳ таъоло гумроҳии дигари мушриконро хабар додааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)