Сураи Наҷм Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 4

اِنۡ هُوَ اِلَّا وَحۡىٌ يُّوۡحٰىۙ‏ ٤

Ин ҳува илла ваҳйу-й йуҳа. 4.

4. Нест гуфтораш, магар ваҳй, ки ба ӯ фиристода мешавад.

Душманони дин ба Он ҳазрат (с) чунин туҳмат зада буданд, ки ӯ (с) ба хотири пайдо кардани шуҳрату обрӯ миёни мардум даст ба суханбофӣ зада, китобе ба номи Қуръон аз хаёлоти худ омода намудааст. Онро китоби аз сӯи Худо нозилшуда вонамуд карда, бо ҳиллаву найранг ба мавъизаву панддиҳӣ пардохтааст. Аллоҳ таъоло бо ин ояти карима даъвои бебунёди туҳматгаронро ботил сохта, мегӯяд, ки Муҳаммад ҷуз ваҳйи илоҳӣ, ки ба воситаи ҳазрати Ҷабраил ба ӯ (с) ирсол гардидааст, нуктае ба мардум аз ҳавои нафси худ нагуфтаасту намегӯяд. Ваҳйи илоҳӣ бошад, на аз ҷониби фаришта ва на аз ҷониби Расули Худо (с) тағйир напазируфтаву илова надидааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)