Тафсири Сураи Начм Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 45
وَاَنَّهٗ خَلَقَ الزَّوۡجَيۡنِ الذَّكَرَ وَالۡاُنۡثٰىۙ ٤٥
Ва аннаҳу халақа-з-завҷайни-з-закара ва-л-унса. 45.
45. Албатта, Ӯ ҷуфти марду занро офарид.
Албатта, халқ намудани ду ҷинси инсоният, яъне ҷуфти марду зан ҳамчунин ҷуфти ҳайвонот, ё эҷоди ҳамзамон дар як макон ду ҷинси мутақобила зану мард, хандаву гиря, (зарраҳои манфию мусбат), шабу рӯз, миронидану зинда гардонидан ва ғайра аз аҷоиботу санъати Парвардигори ҷамиъи олам аст, ки инсон онҳоро бо пуррагӣ фаҳм карда наметавонад. Инсон дар тадқиқ ва омӯзиши ҳақиқати ин масъала кӯшиш менамояд. Баъзе ҷиҳатҳои ҷузъии онро кашф намуда, илму дониши худро зиёд мекунад. Агар шахс боимон ва оқил бошад, ин донишҳоро барои шинохтани Парвардигор истифода бурда, маърифатнокии худро ба камол мерасонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «