Тафсири Сураи Начм Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 46
مِنۡ نُّطۡفَةٍ اِذَا تُمۡنٰى ٤٦
Мин-н-нутфатин иза тумна. 46.
46. Аз нутфа, вақто ки онро дар раҳм (бачадон) рехта шавад,
Масалан, нутфа (сперма) чизест, ки дорои ҳуҷайраву табиати мухталиф, ки аз омезиш он бо тухмаки раҳми зан писар, ё духтар, ё ҳамзамон ҳар ду бо шаклҳои гуногун ба дунё меоянд, ки ин низ исботи санъати беканори Парвардигор аст. Аҷиб дар ин аст, ки хос оби шаҳвати мард агар дар раҳми зан маъво гирад, инсон ба вуҷуд меояд. Ҳол он ки ин об мисли дигар обҳое, ки аз бадани инсон хориҷшаванда мисли оби бинӣ, арақи бадан, оби чашм ва ғайра нофорам аст, вале хос аз он нутфаи инсон инсони дигаре арзи ҳастӣ мекунад, ки худи инсон аз чунин об пайдо шуданашро чун ба ёдаш биёрӣ, хуш қабул намекунад.
Баъзе аз даҳриҳо чунин мегӯянд: Табиатан дар таркиби нутфа чунин қобилият вуҷуд дорад, ки чун ба раҳми зан ворид шаваду бо оби ӯ омехта гардад, раванди инкишоф оғоз меёбад ва ғайра. Савол: Чунин қобилияти инкишофро ба нутфа кӣ ато намуд? Барои чӣ нутфаи ҳар кас чунин қобилиятро надорад? Барои чӣ сафи бефарзандон меафзояд, чора меҷӯянду намеёбанд? Чӣ гуна аз он об писару духтар пайдо мешаванд? Барои чӣ онҳое, ки писар мехоҳанд, духтар меёбанд ва баръакс? Саволҳо… саволҳо…
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «