Тафсири Сураи Начм Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 55
فَبِاَىِّ اٰلَاۤءِ رَبِّكَ تَتَمَارٰى ٥٥
Фа би аййи алаи Раббика татамаро. 55.
55. Пас, ба кадом яке аз неъматҳои Парвардигори худ шубҳа мекунӣ (дурӯғ меҳисобӣ)?
Ҳар як инсони боақлу бофаросат бигзор Валид ибни Муғира бошад ҳам, таҳти хитоби ин оят қарор дорад ва ҳеҷ кас истисно нест. Неъматҳои илоҳӣ бениҳоят бисёранд. Ҳеҷ инсон қодир нест онҳоро шумор кунад, пас кадом инсон имкон дорад, ки шукри онҳоро ба ҷо оварад. Ҳар як неъмат ба қудрату ваҳдонияти Аллоҳ таъоло далолат мекунад. Бо вуҷуди ин гуна далелҳо оё инсон боз шакку шубҳа меварзад? Чунин золимони саркашро агар Худованд барои тоза гардонидани рӯи Замину ибрати дигарон фурӯ бисозад, ҳам неъмат асту ҳам кафолати оромӣ. Ай инсони раҳгумзада, оё дар ин масъала ҳам, ба гумону шубҳаҳо роҳ медиҳӣ? Кӣ қодир аст ба ҷуз Аллоҳ таъоло чунин корҳоро анҷом бидиҳад? Аҳаде нест!
Дар хотимаи сура Ҳақ субҳанаҳу таъоло кофиронро бори дигар огоҳ сохта, онҳоро ба тоату ибодати худ даъват мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «