Тафсири Сураи Начм Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 54
فَغَشّٰٮهَا مَا غَشّٰىۚ ٥٤
Фа ғашшаҳа ма ғашша. 54.
54. Пас, бар вай пӯшонид (бо сангборон) он чӣ пӯшонид.
Дигар қавме, ки мавриди азоби Аллоҳ таъоло қарор гирифт, қавми ҳазрати Лут (а) буд. Ин қавм бар асари ривоҷ додани фисқу фуҷур ва гуноҳҳои ниҳоят зишт, аз қабили ливота (гомосексуализм) ва ғайра мӯҷиби азоби илоҳӣ қарор гирифт. Яъне бо амри илоҳӣ чандин шаҳрҳое, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, вожагун ва ба Замин яксон шуданд ва болои шаҳрҳои боқимондаи борони санг онҳоро пӯшонид, касе аз фосиқони ин қавм зинда намонд.
Муътафика вожагунро гӯянд. Шаҳрҳои қавми Лут (а)-ро низ, чунин ном баранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «