Тафсири Сураи Начм Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 56
هٰذَا نَذِيۡرٌ مِّنَ النُّذُرِ الۡاُوۡلٰٓى ٥٦
Ҳаза назӣру-м мина-н-нузури-л-ула. 56.
56. Ин Пайғамбар тарсонандаест аз ҷумлаи тарсонандагони пешин.
Яъне Қуръон ё ҳазрати Муҳаммад (с) шуморо ба мисли пайғамбарони гузашта аз азоби илоҳӣ огоҳкунандаву тарсдиҳанда аст. Яъне шумо аз гуфти Қуръон ё Паёмбар (с) огоҳ гаштед, ки бар сари қавмҳои ҳақношиноси гузашта чӣ гуна азобҳои илоҳӣ омад. Акнун эҳтиёт намоед, то бар сари шумо ҳам бар асари Расули акрам (с)-ро такзиб (дурӯғгӯӣ) намуданатон чунин азоби Аллоҳ таъоло воқеъ нагардад.
Тибқи фармудаи Аллоҳ таъоло дар ояти мазкур паёмбари охирзамон (с) имкони ба вуқӯъ омадани чунин азобҳоро нишон додааст. Худо донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «