Сураи Наҷм Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 7

وَهُوَ بِالۡاُفُقِ الۡاَعۡلٰى ٧

Ва ҳува би-л-уфуқи-л-аъла. 7.

7. Ва дар ҳоле ки ӯ бар канори баланди Осмон буд.

Ҳазрати Ҷабраил (а) дар ҷониби шарқи осмон дар сурати аслиаш нишаста буд. Расулуллоҳ (с) бо чашмонашон ӯро диданд. Соҳиби тафсири «Хозин» оятҳои 6-7-умро чунин тафсир кардаанд: «Фариштаи ваҳйоранда (Ҷабраил а)-ро дар сурати аслии фариштагиаш ба ғайри Пайғамбари мо (с) дигар пайғамбарони қаблӣ надидаанд. Пайғамбари мо (с) бошанд, ӯ (а)-ро дар сурати аслиаш ду маротиба дидаанд. Бори аввал, чуноне ки дар мазмуни ин ду оят мегузарад, дар Замин ва бори дувум, валлоҳу аълам, шаби меъроҷ дар осмон, назди (Сидратул мунтаҳо) дидаанд. Одатан Ҷабраил (а) назди Расулуллоҳ (с), чуноне ки ба назди пайғамбарони қаблӣ меомаданд, дар сурати одамӣ меомаданд. Боре Расулуллоҳ (с) аз ӯ (а), пурсиданд: «Ай фариштаи Аллоҳ, оё имкон дорад ман шуморо ба сурати аслиатон бубинам?». Фаришта ин дархости Ҳабиби Худо (с)-ро ба инобат гирифта, дар сурати аслияш аз тарафи офтоббарои осмон худро зоҳир сохт ва қанотҳои худро кушода, фазои байни машриқу мағрибро банд намуд. Дар ин ҳангом Расули Худо (с) дар ғори Ҳиро буд ва ба тамошои саҳна тоб наоварда, аз ҳуш рафт.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)