Сураи Намл Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 11

اِلَّا مَنۡ ظَلَمَ ثُمَّ بَدَّلَ حُسۡنًۢا بَعۡدَ سُوۡٓءٍ فَاِنِّىۡ غَفُوۡرٌ رَّحِيۡمٌ‏ ١١

Илла ман залама сумма баддала ҳуснан баъда суин фа иннӣ Ғафуру-р-Раҳӣм. 11.

11. Магар касе, ки ситам карда бошад ва баъд аз бадӣ ивази он некие карда бошад, пас, ҳаройина, Ман омурзандаву меҳрубонам.

Аз мазмуни ҷузъи охири ояти қаблӣ истифода шуд, ки дар назди Худованд ғайр аз пайғамбарон (а) дигар ҳеҷ кас дар амонии том нест. Барои пайдо шудани иртиботи ин оят ба ояти қаблӣ муфассирон гуфтаанд, ки аз Худованд шахсоне хафв мебаранд, ки ситамгар буданд, локин онҳо тавбаи насуҳ карданд ва корҳои бадашонро ба корҳои некӯ ва писандида иваз намуда гузаштаро ҷуброн карданд, Худованд барои онҳо омурзандаву меҳрубон аст. Насафӣ (соҳиби тафсир) гуфтааст, ки ояти мазкур чун ишораи кинояви ба кори Мӯсо (а) аст, ки ӯ (а) дар овони ҷавонӣ ба тарафдории гурӯҳи худ, шахси қибтие (тарафдори Фиръавн)-ро бо як зарба ҳалок сохт, сипас аз кори худ пушаймон шуда гуфт: «Парвардигоро! Ман бар худ ситам кардам, пас маро биёмурз!». Худо ҳам ӯ (а)-ро афв кард. Барои маълумоти бештар ба ояти 16-уми сураи «Қасас» муроҷиъат шавад. Ояти зер ишора ба муъҷизаи дувуми Мӯсо (а) аст, ки дар он асно Худованд ба ӯ (а) арзонӣ дошт.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)