Сураи Намл Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 23

اِنِّىۡ وَجَدتُّ امۡرَاَةً تَمۡلِكُهُمۡ وَاُوۡتِيَتۡ مِنۡ كُلِّ شَىۡءٍ وَّلَهَا عَرۡشٌ عَظِيۡمٌ ٢٣

Иннӣ ваҷаттумраатан тамликуҳум ва утият мин кулли шай-ив ва лаҳа ъаршун ъазӣм. 23.

23. Ҳаройина, ман ёфтам, ки бар онҳо зане подшоҳӣ мекунад ва аз ҳар неъмате ӯро дода шудааст ва ӯро тахти бузурге ҳаст.

Сипас, ҳудҳуд дар давоми сухани худ аз аҷоиботе, ки дар шаҳри Сабо дида буд, ба Сулаймон (а) нақл карда гуфт, ки яке аз аҷоиботе, ки ман дидам, ин аст, ки зане ба номи Билқис маликаи (подшоҳи) онҳост ва ӯ аз ҳама чизе, ки мавриди наёзи шоҳон аст, бархурдор аст. Ҳамчунин тахти хело бузург дорад. Таърихшиносон гуфтанд, ки Билқис духтари шоҳи шаҳри Сабо Шарҳабил буд, ҷуз вай фарзанди дигаре надошт. Вақто ки шоҳ аз олам гузашт, мардум ба ҷои падар Билқисро маликаи худ интихоб карданд. Ривоят шудааст, ки қасри Билқис хело баланд буд, тарафи шарқии он дорои сесаду шаст тоқ буд ва ҷониби ғарбии он низ сесаду шаст тоқ дошт. Меъморон он қасрро чунон бо диққат сохта буданд, ки ҳаррӯз аз як тоқ Хуршед тулӯъ мекард ва аз тоқи муқобили он ғуруб мекард, онҳо субҳу шом хуршедпарастӣ мекарданд.

Дар идомаи сухани ҳудҳуд омадааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)