Сураи Намл Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 24

وَجَدْتُّهَا وَقَوۡمَهَا يَسۡجُدُوۡنَ لِلشَّمۡسِ مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ وَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيۡطٰنُ اَعۡمَالَهُمۡ فَصَدَّهُمۡ عَنِ السَّبِيۡلِ فَهُمۡ لَا يَهۡتَدُوۡنَۙ ٢٤

Ваҷаттуҳа ва қавмаҳа ясҷудуна ли-ш-шамси мин дуниллаҳи ва зайяна лаҳуму-ш-шайтону аъмалаҳум фа саддаҳум ъани-с-сабӣли фа ҳум ла яҳтадун. 24.

24. Ёфтам ки ӯ ва қавми ӯ ба ғайри Худо Хуршедро саҷда мекунанд ва шайтон барояшон кирдорҳояшонро оростааст, пас, онҳоро аз роҳ(-и ҳидоят) боздоштааст, пас, онҳо роҳ намеёбанд,

Дар идомаи сухани худ, ҳудҳуд ба Сулаймон (а) гуфт, ки дидам дар назари он қавм шайтон кирдорҳояшонро чунон зиннат додааст, ки ба ғайри Худои ягона (ҳатто подшоҳ низ Хуршедро) саҷда мекунанд ва то ҳол роҳи ҳидоятро наёфтаанд. Дин чист, ҳидояту тавҳид чист, намедонанд.

Сипас, ҳудҳуд суханашро идома дода гуфт:


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)