Тафсири Сураи Намл Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 25
اَلَّا يَسۡجُدُوۡا لِلّٰهِ الَّذِىۡ يُخۡرِجُ الۡخَبۡءَ فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَيَعۡلَمُ مَا تُخۡفُوۡنَ وَمَا تُعۡلِنُوۡنَ ٢٥
Алла ясҷуду лиллаҳи-л-лазӣ юхриҷу-л хаб-а фи-с-самавати ва-л-арЗи ва яъламу ма тухфуна ва ма туълинун. 25.
25. То (онҳо) саҷда накунанд барои он Худое, ки пӯшидаеро, ки дар осмонҳо ва Замин аст берун меорад ва он чӣ пинҳон медоред ва он чӣ ошкор мекунед, медонад.
Ҳудҳуд ба суханҳои худ илова намуда гуфт, ки шайтон дар назарашон роҳу равиши ботилро чунон оростааст, ки онҳо то ҳол Худовандеро, ки он чизҳои дар осмонҳо ва Замин махфибударо (чун боронро аз Осмон ва растаниҳоро аз Замин) берун меорад ва ҳар чиро ки ошкор мекунед ё пинҳон мекунед, медонад, саҷда намекунанд. Бо ибораи дигар: ҳудҳуд ба Сулаймон (а) савол дод, ки чаро онҳо ба Хуршед саҷда мекунанд ва Худованди холиқу мудаббиру бузург, ки аз ҳама чизҳои махфӣ ва ошкори дар осмонҳо ва Заминбуда бохабар аст, саҷда намекунанд?
Хулоса, ҳудҳуд вазифаи худро назди Худованд шинохтааст, аммо қавми Сабо нашинохтаанд. Яъне ақидаи онҳо мисли ақидаи як паррандаи кӯчак набудааст. Эй кош, инсонҳо мисли Сулаймон (а) забони паррандагону ҳайвонҳоро мефаҳмиданд, то панду насиҳати фоиданокеро аз онҳо мешуниданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ояти мазкур, яке аз оятҳои саҷда аст. Шахсе онро тиловат кунад, ё шунавад бар ӯ як саҷда воҷиб мешавад.
Ояти зер, валлоҳу аълам, давоми саволи Ҳудҳуд аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «