Сураи Намл Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 26

اَللّٰهُ لَاۤ اِلٰهَ اِلَّا هُوَ رَبُّ الۡعَرۡشِ الۡعَظِيۡمِ ۩ ٢٦

Аллоҳу ла илаҳа илла Ҳува Раббу-л-Ъаршил ъазӣм. 26.

26. Худо Он аст, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ғайри Ӯ нест, Парвардигори Арши бузург аст».

Дар поёни сухани худ ҳудҳуд ҳаргуна навъи ширкро рад намуда ба тавҳиди Убудияту (Илоҳ будан) Рубубият (Парвардигор будан) сухани худро таъкид ва иқрор намуда гуфт, ки охир ба ғайри Аллоҳи ягона, дигар зоте сазовори ибодат нест-ку! Соҳибу Парвардигори Арши бузург ягона Аллоҳтаъолост-ку! Чаро маликаи шаҳри Сабо ва қавми ӯ офтобро саҷда мекунанд?

Хулоса, ҳудҳуд назди Сулаймон (а) хабарҳои муҳимро гуфт ва суханашро ба охир расонд. Имом Аҳмад, Абудовуд ва Ибни Моҷа (р) бо исноди саҳеҳ ҳадисеро аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) аз қатли чаҳор ҷондор наҳӣ карданд. Ҳудҳуд, мӯрча, занбӯри асал, сард (навъи парранда).

Хулоса, Сулаймон (а) аз шунидани суханҳое, ки бадани инсони муваҳҳидро дар ларза медароранд, андешид, ки чи кор кунад? Суханҳои ҳудҳудро қабул кунад ё не? Оё ҳудҳуд барои айби худро пӯшонидан ингуна суханҳоро аз назди худ бофтааст? Оё ӯ метавонад ингуна суханҳои ҳайратоварро аз назди худ бофта бошад? Сулаймон (а) он илмеро, ки Худованд ба ӯ (а) арзони дошта буд, ба кор бурда…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)