Тафсири Сураи Намл Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 27
۞ قَالَ سَنَـنۡظُرُ اَصَدَقۡتَ اَمۡ كُنۡتَ مِنَ الۡكٰذِبِيۡنَ ٢٧
۞ Қола сананзуру асадақта ам кунта мина-л-казибӣн. 27.
27. Сулаймон гуфт: «Хоҳем дид, оё рост гуфтӣ ё аз ҷумлаи дурӯғгӯён ҳастӣ.
Худованд дар ин оят аз ҷониби Сулаймон (а) бо забони Расули худ- Муҳаммад (с) ба мо хабар додааст, ки вақто ки Ҳудҳуд аз аҳли Сабо ва маликаи он ба Сулаймон (а) хабар дод, Сулаймон (а) бо тафаккуру бо тадаббур гуфт, ки мо ҳоло мебинем ва таҳқиқ мекунем, оё дар он хабаре ки ту назди мо овардаӣ, ростгӯйи ҳастӣ ё аз ваъиди ман тарсидию барои халосии худ мисли дигар дурӯғгӯён чунин суханҳои дурӯғро мегӯйи! Барои зимомдорон ояти мазкур то узри раъиятро бипазиранд ва дар муохазаи онҳо шитоб накунанд, дарси ибрат аст. Дар ҳадиси шариф омадааст: “Назди ҳеҷ кас монанди Худои азза ва ҷалла узр гуфтан дӯстошташудатар нест. Локин Худованд китобҳояшро нозил кард ва Пайғамбаронашро фиристод. (Дигар узре боқӣ намонд).
Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад. Яъне Сулаймон (а) ба ҳудҳуд гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «