Сураи Намл Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 28

اِذۡهَبْ بِّكِتٰبِىۡ هٰذَا فَاَلۡقِهۡ اِلَيۡهِمۡ ثُمَّ تَوَلَّ عَنۡهُمۡ فَانْظُرۡ مَاذَا يَرۡجِعُوۡنَ ٢٨

Изҳаб би китабӣ ҳаза фа алқиҳ илайҳим сумма тавалла ъанҳум фанзур ма за ярҷиъун. 28.

28. Ин номаро бибар, пас, онро ба сӯи онҳо бияндоз, боз рӯ аз онҳо бигардон, пас, бингар чӣ ҷавоб бозмедиҳанд».

Сипас, Сулаймон (а) номаи кӯтоҳу пурмазмуне навишт ва аз мазмуни он ҳеҷ касро огоҳ насохт ва ба ҳудҳуд номаро дод ва гуфт, ки ин номаи маро бибару назди онҳо бияфган, сипас баргарду дар гӯшае таваққуф кун ва бубин, то онҳо чӣ аксуламале нишон медиҳанд. Чун ҳудҳуд номаро бурд, дар қасри Билқис дохил шуд, онро (номаи Сулаймон (а)-ро) ба сӯяшон афганд ва худ дар гӯшае нишаст ва ба суханҳои Билқис гӯш андохт, то ӯ чӣ мегӯяд. Давоми қиссаро ояти зер идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)