Тафсири Сураи Намл Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 29
قَالَتۡ يٰۤاَيُّهَا الۡمَلَؤُا اِنِّىۡۤ اُلۡقِىَ اِلَىَّ كِتٰبٌ كَرِيۡمٌ ٢٩
Қолат йа айюҳа-л-малау инни улқия илайя китабун карӣм. 29.
29. (Билқис) гуфт: «Эй ҷамоъати ашроф! Ҳаройина, ба сӯи ман номаи гиромӣ андохта шуд.
Чун маликаи Сабо Билқис мактуберо, ки аз тарафи Сулаймон (а) ба воситаи ҳудҳуд фиристода шуда буд, гирифт, онро кушода хонд, аз мазмуни он бохабар шуд. Қаблан, ки овозаи Сулаймон (а)-ро шунида буд ва ҳоло аз мазмуни нома огоҳ шуд, пай бурд, ки барои тасарруфи сарзамини ӯ Сулаймон (а) тасмими ҷиддӣ дорад, дар андеша фурӯ рафт. Сипас, шахсони барӯманди худро даъват кард ва барои маслиҳат рӯйи ба онҳо оварда гуфт, ки эй бузургони мамлакати ман, ин масъала ҷиддист. Номаи арзишманде ба сӯйи ман афганда шуд.
Хулоса, Билқис номаи Сулаймон (а)-ро бо се далел гиромӣ дошт.
1. Тасмим гирифт то Сулаймон (а)-ро бузург ҳисобад.
2. Номаи ӯ (а) паём ва суханҳои накӯ дошт.
3. Чуноне ки дар ҳадиси шариф омадааст, номаи ӯ (а) муҳр дошт. Дар мазмуни ҳадиси шариф омадааст: “Каромот ва бузургии нома дар муҳри ӯст.” Аз ҳамин ҷиҳат, Расулаллоҳ (с) барои худ хотаме сохт, ки дар нигини он калимаи Тавҳид нақш шуда буд. Ояти зер ин қиссаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «