Сураи Намл Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 62

اَمَّنۡ يُّجِيۡبُ الۡمُضۡطَرَّ اِذَا دَعَاهُ وَيَكۡشِفُ السُّوۡٓءَ وَيَجۡعَلُكُمۡ خُلَفَآءَ الۡاَرۡضِ‌ ؕ ءَاِلٰـهٌ مَّعَ اللّٰهِ ‌ؕ قَلِيۡلًا مَّا تَذَكَّرُوۡنَ ٦٢

Ам ма-н юҷӣбу-л-муЗтарра иза даъаҳу ва якшифу-с-суа ва яҷъалукум хулафаа-л-арЗ. А-илаҳум маъаллоҳ. Қалӣла-м ма тазаккарун. 62.

62. Кист он, ки қабул мекунад (дуъои) дармондаро, чун бихонад Ӯро ва бардорад сахтиро ва шуморо дар замин ҷойнишини пешиниён бисозад? Оё маъбуди дигаре бо Худо ҳаст? Андак панд пазиред!

Дар севумин савол Худованд барои муҳокимаи мушрикон чунин гуфтааст, ки эй мушрикон, сохтахудоҳое, ки дар вақти тангӣ аз дасташон ҳеҷ чиз намеояд, беҳтаранд, ё Зоте, ки дуъои шахсони музтару дармондагонро ба инобат мегираду ба иҷобат мерасонад, гирифториҳо ва балоҳоро аз сарашон бартараф мекунад, беҳтар аст? Ҳангоме ки бар сари инсон воқеъаҳо рӯх медиҳанд, мешавад, ки дари тамоми олами асбоб ба рӯяш баста шавад, музтар мемонад, танҳо рӯ ба сӯйи Зоте меорад, ки ягона Ӯ метавонад дарҳои раҳмати Хешро ба рӯйи дармондагон во кунад, мушкилотро аз ӯ дур ва нури умедро дар дилаш пайдо созад. Ба таври мисол иқтибос аз шарҳи ояти 65-уми сураи «Анкабут»: Чун мушрикону бутпарастон сафари дарё мекунанд, дар миёни тӯфону мавҷи хурӯшони дарё гирифтор мешаванд, бими он доранд, ки ҳозир ё лаҳзае баъд, эҳтимол киштӣ чаппа шаваду ҳама ҳалок шаванд. Дар чунин ҳолат пардаи ширку бутпарастӣ аз рӯйи дилашон канор меравад, тамоми маъбудҳои сохтаи худро фаромӯш мекунанд, даст ба сӯйи Худои беҳамто бардошта, бо дуъо ва ниёиш машғули ибодату парастиши махсуси Худованди якто мешаванду мегӯянд, ки Худовандо! Ин ҳама баҳру бару киштию тӯфону мавҷҳои кӯҳоо махлуқи Туанд, мо низ махлуқи Туем. Худовандо! Аз ин вартаи ҳалокат моро наҷот деҳ! Чун Худованд онҳоро наҷот диҳад, мутаассифона, на ҳамаи онҳо дар аҳду паймони худ боқӣ мемонанд.

Хулоса, Худованд дуъои чунин шахсони музтарро на ин ки қабул мефармояд, балки онҳоро дар рӯйи замин ҷойнишинони пешиниён мегардонад. Яъне насле дунёро падруд мегӯяд, насли дигаре ба ҷои онҳо пайдо мешавад. Зеро Худованд инсонро аз нестӣ ба вуҷуд овард ва ӯро дар рӯйи Замин ҷойнишини гузаштагон қарор дод ва ҳама мавҷудоти рӯйи онро дар ихтиёри ӯ қарор дод ва ин қобилиятро ба ӯ ато фармуд. Ӯ метавонад аз ҳама ашёи рӯйи замин истифода кунад. Ҳангоме ки кор чунин аст, оё ҳамроҳи Худованд худои дигаре ҳаст? Оё он сохтахудоҳо беҳтаранд ё Зоте, ки дорои чунин қудратҳои номбурда аст? Бо вуҷуди ин ҳама мушрикон панд намегиранд. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Се дуъо мустаҷоб (қабул) аст, ҳеҷ шакке дар он нест: Дуъои мазлум, дуъои мусофир, дуъои падар дар ҳаққи фарзанди худ.»

Дар дигар ҳадиси шариф, бо ривояти Ҷобир ибни Сулайми Ҳаҷамӣ (р) омадааст, ки гуфтам: «Ё Расулаллоҳ (с)! Шумо ба сӯйи чӣ чиз дуъо мекунед?» Фармуданд: «Ба сӯйи Худои ягона дуъо мекунам. Зоте ки агар балое ба ту бирасад ва Ӯро бихонӣ, онро аз ту дур мекунад, агар дар биёбоне чизеро гум кунӣ ва Ӯро бихонӣ, онро ба ту бармегардонад, агар ба ту қаҳтӣ ва хушксолие бирасад ва Ӯро бихонӣ, барои ту мерӯёнад…» Ибни Касир дар тафсири хеш дар шарҳи ояти мазкур дар бораи иҷобати дуъои шахси музтар аз Ҳофиз ибни Асокир ҳодисаи аҷиберо нақл кардааст: Номбурда аз шахсе ба ном Дақии Суфӣ ҳикоят кардаанд, ки гуфтааст: «Ман шахси кироякаш будам ва хачире доштам, ки аз Димишқ то шаҳри Зободон бо он кироякашӣ мекардам. Дар яке аз сафарҳоям марде хачирамро иҷора гирифту бо ҳам ба роҳ баромадем. Сари роҳе расидем, ки чандон изи пои роҳгузар надошт. Он мард ба ман гуфт: «Ин роҳро дар пеш гир, ки наздиктараст. Ба ӯ гуфтам: «Ман ба ин роҳи кам из ошно нестам.» Ӯ гуфт: «Ман ба ин роҳ ошноям, ин роҳест наздиктар.» Пас ба он роҳ равон шудем.

Хулоса, ба ҷое расидем, даррае буд тангу амиқ, ниҳоят ҳафвнок дар он куштагони бисёре афтода. Он мард ба ман гуфт: «Хачирро нигоҳ дор, то ман фуруд оям.» Пас аз хачир фуруд омад ва ҷома дар ҳам кашид, кордеро берун овард ва қасди ҷони ман кард.

 

Ман по ба фирор гузоштам, ӯ бошад маро дунбол мекард. Дар ин ҳол ӯро ба номи Худо савганд додам ва гуфтам: «Қотир (хачир) ва он чӣ дар вай аст, ҳама азони ту аз ман даст бидор.» Гуфт: «Бихоҳӣ ё на, онҳо азони мананд, локин ман мехоҳам туро нест кунам.» Хайр дигар илоҷ набуд ба ӯ таслим шудам ва ба ӯ гуфтам: «Ба ман иҷоза деҳ, то ду ракаъат намоз хонам». Гуфт: «Ихтиёр дорӣ! Локин шитоб кун». Пас бархостам, то ин ки намоз бигзорам, аммо чунон парешонхотир будам, ки ҳама он чӣ аз оятҳои қуръонӣ медонистам, аз хотирам парида буд, ҳатто як ҳарфе аз онҳо ба ёдам наомад. Дар ҳайрат монда будам, ӯ бошад пушти сари ман мегуфт: «Шитоб кун, зудтар тамом кун ва ҳоказо». Дар ин ҳангом буд, ки Худованди азза ва ҷалла ҳамин ояти (Кист он, ки дуъои музтарро иҷобат мефармояд) бар забонам ҷорӣ сохт. Ба ногоҳ дидам, ки аспсаворе, дар ҳоле ки дар дасти худ найзае дошт, аз он тарафи водӣ ба сӯйи мо тозон рӯйи овард ва найзаи худро ба сӯйи он мард ҳаво дод. Найза бар қалби вай фурӯ рафт. Марди роҳзан ба замин афтод. Пас, дар он аспсавор дар овехтаму ба ӯ гуфтам: «Туро ба Худои азза ва ҷалла савганд медиҳам, ки бигӯ ту кистӣ?» Он мард гуфт: «Ман фиристодаи касе ҳастам, ки шахси музтар ва дармондаеро «он гоҳ, ки Ӯро бихонад», иҷобат мекунад ва балоро аз вай дур мегардонад. Сипас, бо қотиру бораш ба хонаи худ саломат бозгаштам».

Ба фикри банда шахси музтар ин оятро такрор кунад, иншоаллоҳ, барои ӯ кушоиш хоҳад шуд. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)