Тафсири Сураи Намл Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 74
وَاِنَّ رَبَّكَ لَيَـعۡلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُوۡرُهُمۡ وَمَا يُعۡلِنُوۡنَ ٧٤
Ва инна Раббака ла- яъламу ма тукинну судуруҳум ва ма юълинун. 74.
74. Ва ҳаройина, Парвардигори ту, он чиро, ки синаҳои онҳо пинҳон мекунанд ва он чӣ зоҳир менамоянд, медонад.
Ин ақида саҳеҳ аст, ки барои Парвардигор пинҳону ошкор, ғоибу ҳозир яксон аст. Агар мушрикон тасаввур кунанд, ки онҳо ба хотири он дар ҳол муҷозот намешаванд, ки Худованд аз аҳволу аз ниятҳои бади онҳо бехабар аст, иштибоҳи бузурге мекунанд. Парвардигори ту он чӣ мушрикон дар сина (дил)-ҳояшон пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор мекунанд, бо хубӣ медонад. Аммо аз ҷониби Худованд ба таъхир гузоштани азоби онҳо, чуноне ки дар ояти қаблӣ гузашт, фазли Ӯст, ки то вақти муаяйну то вақти муқаддар ба онҳо муҳлати кофӣ додааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «