Тафсири Сураи Намл Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 75
وَمَا مِنۡ غَآٮِٕبَةٍ فِى السَّمَآءِ وَالۡاَرۡضِ اِلَّا فِىۡ كِتٰبٍ مُّبِيۡنٍ ٧٥
Ва ма мин ғаибатин фи-с-самаи ва-л-арЗи илла фӣ китаби-м мубӣн. 75.
75. Ва дар Осмон ва Замин ҳеҷ пӯшидае нест, магар он ки дар Китоби равшан навишта шудааст.
Худованд на танҳо асрори дарун ва берунии ҳамаро медонад, балки илми Ӯ таъоло ба қадре васеъ аст, ки ҳар мавҷуде дар осмонҳо ва Замин пинҳон бошад, Худованд ӯро медонад ва дар китоби ошкори Ӯ навишта шудааст. Яъне на ин ки Худованд сирҳои пӯшидаи қалби инсонҳоро медонад, балки ҳар сире ки дар осмонҳо ва Замин бошад, ҳамаро медонад ва онҳо ошкоро дар Лавҳул-маҳфуз сабт шудаанд.
Хулоса, Аллоҳ таъолло Қуръонро нозил кард. Агар дар он чи ки мардум байни худ ихтилоф доранд, Ӯ ҳукм кунад, он ҳукм ҳаққаст. Зеро ҳукми Ӯ ҳукми Худост.
Барои маълумоти бештар ба ояти 59-уми сураи «Анъом» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «