Сураи Намл Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 76

اِنَّ هٰذَا الۡقُرۡاٰنَ يَقُصُّ عَلٰى بَنِىۡۤ اِسۡرَآءِيۡلَ اَكۡثَرَ الَّذِىۡ هُمۡ فِيۡهِ يَخۡتَلِفُوۡنَ ٧٦

Инна ҳаза-л-Қур-ана яқуссу ъала бани Исроӣла аксара-л-лазӣ ҳум фӣҳи яхталифун. 76.

76. Ҳаройина, ин Қуръон барои бани Исроил бештари он чиро, ки онҳо дар он ихтилоф мекарданд, баён мекунад.

Дар оятҳои қаблӣ сухан аз мабдау маъод, аз илми беканори Аллоҳ таъоло ва аз ҳоли мушрикон гузашт. Ҳоло дар ояти мавриди назар, дар бораи набувват, ҳаққонияти Қуръон ва аз навъи дигари кофирон яҳудиҳо ва ихтилофи онҳо сухан ба миён омада, Худованд хабар додааст, ки ин Қуръон, дар ҳақиқат, аксари он чизҳое, ки бани Исроил дар онҳо ихтилоф доранд, барояшон баён мекунад. Агар бани Исроил ба Қуръон чанг зананд, бе гумон роҳи ҳалли ихтилофҳо ва тафриқабозиҳояшонро меёбанд. Масалан: яҳудиҳо дар масъалаи доир ба Марям, Исо (а) ва дар мавриди Пайғамбар (с), ки башорати ӯ дар «Таврот» низ омада буд, байни худашон ихтилоф доштанд. Чун Қуръон омад, барои радди ихтилофи онҳо дар яке аз оятҳо баён кард, ки Исо (а) худаш босароҳат гуфтааст, ки ман бандаи Худоям, китоби осмонӣ (Инҷил) ба ман дода шуд, Худованд маро пайғамбари Худ қарор дод ва ғайра.

Барои маълумоти бештар ба ояти 30-юми сураи «Марям» ва ояти 59-уми сураи «Оли Имрон» ва ба ояти 29-уми сураи «Фатҳ» муроҷиъат шавад. Ояти зер эзоҳи ояти қаблиро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)