Сураи Намл Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 88

وَتَرَى الۡجِبَالَ تَحۡسَبُهَا جَامِدَةً وَّهِىَ تَمُرُّ مَرَّ السَّحَابِ‌ؕ صُنۡعَ اللّٰهِ الَّذِىۡۤ اَتۡقَنَ كُلَّ شَىۡءٍ‌ؕ اِنَّهٗ خَبِيۡرٌۢ بِمَا تَفۡعَلُوۡنَ‏ ٨٨

Ва тара-л-ҷибала таҳсабуҳа ҷамидата-в ва ҳия тамурру марра-с-саҳаб. Сунъаллоҳи-л-лази атқана кулла шайъ. Иннаҳу хабӣрун би ма тафъалун. 88.

88. Ва бубинӣ кӯҳҳоро, пиндорӣ, ки онҳо бар ҷойи худ истодаанд ва (ҳол он ки) онҳо абросо дар ҳаракатанд ин офариниш Худованд аст, ки ҳар чизеро дар камоли устувори сохтааст. Ҳаройина, Вай ба он чӣ мекунед, хабардор аст.

Худованд дар ин оят ба яке аз аломатҳои бузурги Худ, ки дар олами ҳастӣ вуҷуд доранд, ишора карда фармудааст, ки эй мухотаб, ту кӯҳҳоро сокину устувору побарҷо мебинӣ, мепиндорӣ, ки онҳо дар ҷои худ қароранд? На! Онҳо чун абрҳо дар ҳаракатанд. Муфассирони киром дар шарҳи ин қисми оят ихтилофи назар доранд. Баъзе аз онҳо мегӯяд, ки дар чунин ҳолат қарор гирифтани кӯҳҳо, чуноне ки ин масъала дар сураҳои охири Қуръон, аз он ҷумла дар ояти 5-уми сураи «Қориъа» ва ояти 3-юми сураи «Таквир» бисёртар мегузарад, дар рӯзи растохез ба вуқӯъ меояд, ки кӯҳҳо аз ҳам муталошӣ шуда мисли пашми кӯбидашуда дар ҳаво чун абр парвоз мекунанд. Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, ки онгуна, ки мардум заминро дар ҷои худ собит мепиндоранд, аммо ин тавр нест. Агар аз кайҳон нигоҳ карда шавад, Замин сокин нест, кӯҳҳо ҳамроҳи Замин чун абр давр мезананд. Бо ҳамин тариқ, мисли абр ҳаракат кардани кӯҳҳо санъати Парвардигор ва низоми офариниши Ӯст. Кӯҳҳоро Худованд дар рӯзи қиёмат дар ҳам мекӯбаду вайрон мекунад, ин ҳам далолат бар он мекунанд, ки мурод аз ҳаракати кӯҳҳо мисли абр дар ин оят дар дунёст, на дар охират. Оре! Санъати Парвардигор аст, ки кӯҳҳо дар дунё мисли абр дар ҳаракатанд ва дар қиёмат дар ҳам кӯбида вайрон мешаванд. Ана чунин Зоте, ки ҳисобу низом дар ихтиёри Ӯст, аз корҳое, ки шумо анҷом медиҳед, албатта, огоҳу бохабар аст. Ҳар инсон дар он рӯз мувофиқи амали худ соҳиби мукофот аст ё ҷазо.

Зеро Худованд дар ояти зер гуфтааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)