Тафсири Сураи Намл Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 89
مَنۡ جَآءَ بِالۡحَسَنَةِ فَلَهٗ خَيۡرٌ مِّنۡهَاۚ وَهُمۡ مِّنۡ فَزَعٍ يَّوۡمَٮِٕذٍ اٰمِنُوۡنَ ٨٩
Ман ҷаа би-л-ҳасанати фа лаҳу хайрум-м минҳа ва ҳум-м мин фазаъи-н явмаизин аминун. 89.
89. Ҳар кас некие биёрад, пас, ӯро беҳтар аз он бошад. Ва онҳо аз изтироби он рӯз дар амон бошанд.
Дар ояти қаблӣ гузашт, ки Худованд аз тамоми корҳо ва резакориҳои бандагони Худ бохабар аст. Ҳоло ояти мазкур аз подош ва аз тарсу ҳароси рӯзи қиёмат баҳс ба миён оварда фармудааст, ки касоне, ки кори ҳасана (кори нек) еро анҷом медиҳанд, дар он рӯз подоши беҳтар аз онро соҳиб хоҳанд шуд ва аз тарсу ҳароси он рӯз дар амон хоҳад монд. Яъне чун рӯзи қиёмат барпо мешавад, барои инсоне, ки дар дунё калимаи тайиба (Ло илоҳа иллалоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ)-ро гуфтаасту мувофиқи тақозои калима амалҳои шоистаро анҷом додааст, мувофиқи маънои ояти 16-уми сураи «Анъом» барои ҳар амали содир кардаги подоши бузург ҳадди ақал даҳ баробар омода шудааст, ки бо дидани он чашмонаш равшан, чеҳрааш хандон ва табъаш болида мешавад. Чуноне ки дар ояти 103-юми сураи «Анбиё» гузашт, чунин шахсон аз ваҳшату тарсу ҳароси он рӯз дар амонанд, ва ин барои аҳли Биҳишт бахти бузург аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «