Сураи Наср Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Наср Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наср Ояти 2

وَرَاَيۡتَ النَّاسَ يَدۡخُلُوۡنَ فِىۡ دِيۡنِ اللّٰهِ اَفۡوَاجًا ٢

Ва раайта-н наса ядхулуна фӣ дӣниллаҳи афваҷа. 2.

2. Ва бубинӣ мардумро, ки дар дини Худо гурӯҳ-гурӯҳ дароянд,

Вақто ки Расулуллоҳ (с) бар душманҳои худ қурайшиҳо зафар ёфтанд, мардуми араб ва ғайри араб ба дини мубини Ислом гурӯҳ-гурӯҳ бе ҳарбу зарб дохил шуданд.

Ибни Касир гуфтааст, ки қабилаҳои атрофи ҷазираи Араб фатҳи Маккаро интизор буданд. Онҳо мегуфтанд: “Агар Муҳаммад (с) Маккаро фатҳ кунад, Пайғамбарии ӯ ҳаққ аст, агар шикаст хӯрад, ӯро бовар намекунем”. Чун диданд, ки Расулуллоҳ (с) Маккаро фатҳ кард, байни худ гуфтанд: “Эй мардум! Худованд аҳли ҳарамро аз ҳамлаи “Асҳоби фил” наҷот дод, онҳо ба ҳарам даромада натавонистанд. Имрӯз дидед, ки Худованд Муҳаммад (с)-ро зафар дод. Маккаро дохил шуду фатҳ намуд. Ҳақ будани расулии ӯ яқин шуд, дигар чиро интизоред? Биоед, ҳама ба якҷоягӣ дар дини ӯ медароем” Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ, ҳатто қабилае ҳама якҷоя, ба дини мубини Ислом медаромаданд, ҳол он ки пеш аз фатҳи Макка як-як ё ду-ду Ислом меоварданд. Чун Расулуллоҳ (с) Маккаро фатҳ намуд ва тантанаи Ислом тамоми ҷазираи Арабро фаро гирифт. Яке аз мақсадҳои биъсати (фиристода шудани) Набии карим (с) ба дараҷаи камолот расид.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наср «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наср Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наср Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)