Сураи Нисо Ояти 100 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 100 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 100

۞ وَمَنْ يُهَاجِرْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ يَجِدْ فِي الْأَرْضِ مُرَاغَمًا كَثِيرًا وَسَعَةً ۚ وَمَنْ يَخْرُجْ مِنْ بَيْتِهِ مُهَاجِرًا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ يُدْرِكْهُ الْمَوْتُ فَقَدْ وَقَعَ أَجْرُهُ عَلَى اللَّهِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا ١٠٠

۞ Ва ма-н-юҳоҷир фи сабилиллоҳи яҷид фи-л-арзи муроғаман касира-в васаъаҳ. Ва ма-н яхруҷ мин байтиҳо муҳоҷиран илаллоҳи ва расулиҳи сумма юдрикҳу-л-мавту фақад вақаъа аҷруҳу ъалаллоҳ. Ва коналлоҳу Ғафура-р Раҳимо. 100.

100. Ва ҳар касе дар роҳи Аллоҳ ҳиҷрат кунад, дар Замин иқоматгоҳи бисёр муносиб ва кушоишҳо меёбад. Ва ҳар касе ба сӯйи Аллоҳ ва расули Ӯ ҳиҷрат кунад ва аз хонааш берун равад, пас (агар) ӯро марг дарёбад, пас, батаҳқиқ, музду савоби вай бар Аллоҳ аст. Ва Аллоҳ омурзгору меҳрубон аст.

Ояти мазкур мусалмононро аз ҷиҳати маънавӣ омода сохта, онҳоро ба ин амали бузург (ҳиҷрат) ҳам тарғиб мекунад ва ҳам тасаллӣ медиҳад. Локин ҳар амал вобаста ба ният аст. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ҳар касе дар роҳи ризои Аллоҳ ва барои нигаҳ доштани дину диёнати худ диёри худро тарк намуда ҳиҷрат кунад, ваъдаи Аллоҳ аст, ки замини Аллоҳ васеъ аст ва дар он иқоматгоҳҳои фаровон ва кӯшоишҳои чашмгире хоҳад ёфт. Яъне дарҳои маишат бар рӯи ӯ кушода шуда, агарчӣ душман нахоҳад ҳам, Аллоҳтаъоло аз хавфу хатар ӯро нигоҳ медорад ва ӯро бечора намесозад. Албатта, ҳар инсон бо аҷали худ дармегузарад, як лаҳза марги ӯ тақдим ё таъхир намешавад. Агар инсоне аз хонаи худ ҳиҷрат кунад ва ин ҳиҷрат мувофиқи дастури Ӯ таъоло ва Расули Ӯ бошад, рафту дар роҳ аҷалаш даррасаду вафот кард, ҳаққо, ки подоши ҳиҷрати чунин шахс ба таври комил назди Аллоҳ таъин шудааст. Яъне бахти чунин шахс баландӣ кардааст, ки дар зиммаи Аллоҳтаъоло қарор гирифтааст. Башорати охири оят ҳам барои чунин шахсон аст. Дар он фармудааст, ки Аллоҳтаъоло чунин Зотест, ки мағфираткунанда ва меҳрубон аст. Бале! Муъмине, ки нияту амалаш хос барои ризои Аллоҳ аст, мабодо дар роҳ фавтад, дар сояи омурзиш ва меҳрубонии Аллоҳтаъоло қарор мегирад. Зеро ӯ дар сафи муҳоҷирон қарор ёфтааст.

Акнун чанд ҳадис зери мазмуни ин оят, ки муфассирони олиқадр интихоб кардаанд: Дар “Саҳеҳайн” ва дар дигар саҳеҳҳо ва дар ҷамии муснадҳо аз Яҳё бинни Саъди Ансорӣ ва аз Муҳаммад бинни Иброҳими Таймӣ… ва дар охир аз ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) ҳадисеро ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтаанд:

“Ҳар кор вобаста ба ният аст. Барои ҳар инсон ончи ният кардааст, мерасад. Касе, ки ҳиҷраташ ба нияти ризои Аллоҳ ва Расули Ӯ бошад, ҳиҷрати ӯ барои Аллоҳ ва Расули ӯ мешавад. Касе барои ёфтани дунё бошад ба ӯ мерасад ё барои зане бошад, ӯро ба занӣ мегирад, (хулоса) барои чӣ ки ҳиҷрат карда бошад, ба нияташ мерасад”.

Сабаби нузули ояти мазкурро бо ривояти Ибни Абиҳотам… ва дар охир аз Ибни Аббос (р) чунин гуфтаанд: Зумрата ибни Ҷундаб ба сӯи Расулуллоҳ (с) ҳиҷрат намуд ва дар роҳ ба назди Расулуллоҳ (с) нарасида вафот кард, пас ин ояти карима дар шаъни ӯ нозил шуд. Ривояти дигаре дар шаъни ҷузъи ояти мазкур низ вуҷуд дорад: Абдуллоҳ ибни Раҷо аз Саъид бинни Ҷубайр ривоят кардаанд, ки чун Зумрата бинил-Айси Зарқӣ, ки осеби чашм дошт, чун ояти “Иллал мустазъафин” то “ҳилатан” нозил шуд ва гуфт: Ҳар оина ман тавонгарам ва соҳибҳила (асбоб)- ҳам ҳастам, бо нияти нек ба назди Расулуллоҳ (с) муҷаҳҳаз шуда қадам ба ҳиҷрат ниҳод. Чун он худододи некбахт ба Танъим ном маконе, ки атрофи Маккаи мукаррама буда, онҷо роҳ ба тарафи Мадина мегузарад, расид, аҷалаш фаро омаду аз олам гузашт, ҷузъи ояти мазкур “ва ман яхруҷу” то “алмавта” нозил шуд.

Дигар ҳадисҳо низ вуҷуд дорад. Чун дар оятҳои қаблӣ сухан аз ҷиҳоду ҳиҷрат ба миён омад, маълум аст, ки ин ду амал бо сафар вобастагӣ дорад. Табиист, ки шароити сафар аз ҳазар (муқим будан) фарқ мекунад. Акнун дар чунин шароит ҳам, албатта, мусалмон беибодат истода наметавонад, бинобар ин, тарзи намоз хондан дар ин гуна ҳолатҳоро ояти зер иншоаллоҳ, баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)