Сураи Нисо Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 99

فَأُولَٰئِكَ عَسَى اللَّهُ أَنْ يَعْفُوَ عَنْهُمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَفُوًّا غَفُورًا ٩٩

Фа улаика ъасаллоҳу ан яъфува ъанҳум. Ва коналлоҳу Ъафувван Ғафуро. 99.

99. Пас, умед аст, ки Аллоҳ он гурӯҳро афв кунад ва Аллоҳ афвкунандаву омурзгор аст.

Аз оятҳои қаблӣ маълум шуд, ки агар дину диёнати кас дар хатар монад, шахси мусалмон аз манфиатҳои дунявӣ бояд чашм пӯшад ва барои дину имони худро нигоҳ доштан ба макони орому мувофиқ ҳиҷрат кунад. Ин амал фарз аст. Аммо ин ҳукм ба таври умум набуда, дар ин ду оят ба таври истисно аз баъзеи онҳо фарзияти ҳиҷрат соқит аст.

Аз он ҷумла, аз шахсони пир, хоҳ мард бошанд хоҳ зан, аз кӯдакон, аз барҷомондагон, аз кӯр, аз шахсони бебизоат, умуман аз шахсони заифе, ки асбоби наҷотро дастрас карда наметавонанд ё мисли Ибни Аббос (р) ва модарашон, ки ӯ (р) гуфт: “Мо мустазъафи ҳақиқӣ будем”.

Хулоса, ҳиҷрат барои шахсоне, ки аз дасти душман гурехта наметавонанд, фарз нест.

Чун Аллоҳтаъоло зотан афвкунандаву мағфираткунанда аст, шояд ки (Аллоҳтаъоло) ин гуна шахсонро афв кунад.

Дар оятҳои баъдӣ фазилати (ҳиҷрат) дар роҳи ризои Аллоҳ давом мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 100 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)