Сураи Нисо Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 104

وَلَا تَهِنُوا فِي ابْتِغَاءِ الْقَوْمِ ۖ إِنْ تَكُونُوا تَأْلَمُونَ فَإِنَّهُمْ يَأْلَمُونَ كَمَا تَأْلَمُونَ ۖ وَتَرْجُونَ مِنَ اللَّهِ مَا لَا يَرْجُونَ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا ١٠٤

Ва ло таҳину фибтиғои-л- қавми ин такуну таъламуна фа иннаҳум яъламуна камо таъламун. Ва тарҷуна миналлоҳи мо ло ярҷун. Ва коналлоҳу Ъалиман ҳакимо. 104.

104. Ва дар талаби қавм (таъқиб ва ҷустуҷӯи душман) сустӣ макунед! Агар шумо дардманд мешавед, онҳо низ (аз фишору таъқиби шумо) дардманд мешаванд, чуноне ки шумо мешавед. Ва шумо аз Аллоҳ он чиро, ки онҳо умед надоранд, умед доред. Ва Аллоҳ доною боҳикмат аст.

Ояти мазкур ҳам ба оятҳои қаблӣ, ки вобаста ба ҷиҳоду ҳиҷрат буданд, марбут буда, Аллоҳтаъоло муҷоҳидонро ба фидокорӣ ташвиқ дода, фармудааст, ки ҳаргиз аз ҷустуҷӯ, аз талабу дунбол кардани душман ва аз фидокориҳои шоиста кӯтоҳӣ накарда, аз худ бо ғайрати чандон дифоъ кунед ва чобук бошед. Чуноне ки ба шумо машаққату алам расидааст ё мерасад, ҳамчунин ба онҳо низ чунин машаққат расидааст ва ё мерасад. Барои шумо сазовораст, ки дар майдони ҷанг нисбат ба онҳо аз худ сабру бардошту пойдории зиёд нишон диҳед. Зеро шумо ҳастед, ки он чиро, ки онҳо умед надоранд, аз Аллоҳтаъоло умед доред. Умеди шумо он аст, ки дини шумо бар ҳама динҳо ғалаба дошта бошад ва дар охират аҷру подоши бузургеро соҳиб бошед. Бинобар ин, барои шумо сазовор он аст, ки дар майдон аз худ пойдорӣ нишон диҳед, то ин ки ба пирузӣ бирасед ё шаҳид шаведу вориди Ҷаннат гардед. Хулоса, ҳар ончиро, ки Аллоҳтаъоло барои муҷоҳидон ё барои ғайри онҳо, ҳамчу шариат амр фармудааст, маслиҳат ва фоидаи онро ё аламҳое, ки муҷоҳидон дар чунин ҳолатҳо мекашанд, Ӯ таъоло хубтар медонад. Ин тадбирҳое, ки барои муҷоҳидон таълиму дастур додааст, ҳикмате аз ҳикматҳои Ӯст. Қуртубӣ чунин гуфтааст: Чун дар ғазои Уҳуд мушрикон пирӯз ва мусалмонон ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд, Абусуфён дар шаъни бути худ “Ҳубал” чанд суханеро ба асҳобаш гуфту ба тарафи Макка роҳ гирифт. Дар аснои роҳ хост бозгардаду кори мусалмонҳоро ба охир расонад. Локин Худо нахост. Аз нияти шуми ӯ Расулуллоҳ (с) низ хабар ёфт, барои таъқиби онҳо амр намуд: “Думболи онҳо касе ҳамроҳи мо хориҷ шавад, ки дар маъракаи “Уҳуд” ҳозир буд”. Дар ҳақиқат чанд нафаре аз паи онҳо хориҷ шуданд, баъзеи онҳо чунон ҷароҳате доштанд, ки ҳатто ба зӯр роҳ мерафтанд. Хушбахтона, душман бори дигар ба тарафи онҳо рӯй наовард. (аз “Сафвату-т-тафосир”)

Дар маҷмӯи оятҳои баъдӣ дар ҳолати ҷанг тарзи муомила бо баъзе афроди қавмҳо баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)