Сураи Нисо Ояти 106 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 106 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 106

وَاسْتَغْفِرِ اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَحِيمًا ١٠٦

Вастағфириллоҳ. Инналлоҳа кона Ғафура-р Раҳимо. 106.

106. Ва аз Худо омурзиш бихоҳ! Ҳаройина, Худо омурзандаву меҳрубон аст.

Чун Расулуллоҳ (с) ба зоҳири онҳо (ҳодиса) амал намуда, ҳукми ин қазияро файсала карду ояти қаблӣ Бани Убайрақро бо он машварати дурӯғинашон дағобоз (хоин) баҳо дод, маълум шуд, ки ҳукми Расулуллоҳ (с) ба қонуни адолати Аллоҳ дуруст наомад. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло Ҳабиби худ (с)-ро дар ин оят итоб намуда фармуд, ки акнун ту ба зоҳир нигариста, дуздро бо шоҳидии қабилааш пок ва яҳудиро дузд пиндоштӣ, ин гуна амал ба исмату мақоми бузурге, ки дорӣ, муносиб нест, аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳ. Албатта, Аллоҳтаъоло барои шахсе, ки аз Аллоҳ омӯрзиши гуноҳҳои худро мехоҳад, бисёр омӯрзандаву бисёр раҳмхораст.

Ояти баъдӣ, давоми оятҳои қаблӣ буда, итоби Аллоҳтаъоло идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 107 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)